Санаи 3 сентябри соли 2026 намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабинии тантанавӣ, ки дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Шаҳристон баргузор гардид иштирок намуданд.
Чорабинии мазкур бо иштироки аҳли фарҳанги ноҳия, сокинон ва меҳмонон бо як шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардида, бо хондани сурудҳо дар васфи Ватан табъи ҳозирин болида гардид. Ҳама сокинон ва иштирокчиени чорабини хушу хурсанд ва табъи идона доштанд.