Таълиму тарбияи фарзанд масъулияти муҳими падару модар ва ҷомеа баҳри ба воя расонидани насли солим ва бомаърифат мебошад. Масъулият худ даркест, ки дар рафтори ҳар шахси комили ҷомеаи мутамаддин ва ҳар як фарди бедордил вобаста ба ин ё он вазифае, ки ба душаш гузошта шудааст, дида мешавад. Аммо тақозои замон аст, ки ин масъулиятро баҳри беҳбудии ҳаёти инсон дар худи инсон, давлат ва қонунгузорӣ бедор намояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тавассути қонунгузории хеш тавонист ба ин масоил бе тафовут набошад. Пеш аз ҳама, сарчашмаи асосии ин ташаббус меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ки ба тарзи зерин пешбинӣ шудаанд. Дар қисми дуюми моддаи 34-и Констутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки «Падару модар барои таълиму тарбияи кудакон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд».
Вазифаи падару модар муҳайё намудани шароити мусоид барои инкишофи мӯътадили ҷисмонӣ ва руҳии фарзанд, таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ва қабл аз ҳама масъулият барои пешгирӣ ва роҳ надодан ба тамоми рафторҳои ношоистае, ки фарзандон метавонанд аз беаҳмиятии онҳо содир намоянд. Беҳуда нагуфтаанд, ки “Фарзанд азиз, одабаш аз он азизтар”.
Баҳри дуруст ба роҳ мондани таълиму тарбияи кӯдакон дар заминаи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак” 20 июни соли 2024, №2049 қабул ва мавриди амал қарор гирифт, ки аз 7 боб ва 25 модда иборат буда, дар низоми қонунгузории Тоҷикистон мавқеи муайянеро доро мебошад. Қонуни мазкур дар навбати худ масъулияти падару моддарро дар таълиму тарбияи кӯдак ба маротиб афзуд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак” аз ҷониби дигар ба таърихи тамаддуни миллати тоҷик дар тӯли қарнҳо, ки ба масъалаи тарбияи кӯдак аҳамияти ҷиддӣ дода мешуд, алоқамандӣ дорад. Дар қисми якуми моддаи 18-и Эъломияи ҳуқуқи кӯдак сабт шудааст, ки «Таъмини манфиатҳои кӯдак бояд мавзӯи асосии ғамхории волидайн бошад». Кӯдак дар ҳама гуна ҳолат бояд байни онҳое бошад, ки аввалин шуда, ҳифзи иҷтимоӣ мебинанду ёрӣ мегиранд, зеро ғамхории доимӣ дар ҳакқи кӯдакон шарти ногузири ҳастӣ ва рушди халқ, давлат ва умуман, ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.
Мувофиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд уҳдадориҳои зерин доранд: “Ба кудак тибқи арзишҳои миллӣ номи нек гузоранд”.
Яке аз ҷанбаҳои асосии фардияти кӯдак ҳуқуқи ӯ ба ном аст. Яъне, доштани ном кӯдакро ҳамчун фард дар ҷомеа муаррифӣ менамояд. Бинобар ин кӯдак аз лаҳзаи таваллуд фавран, бетаъхир ба гирифтани ном ҳуқуқ дорад. Падару модар уҳдадоранд ба кудак тибқи арзишҳои миллӣ номи нек гузоранд. Зеро, гузоштани номҳои ба фарҳанги миллии тоҷикӣ бегона метавонад ба ҳолати равонии кӯдакон ва наврасон таъсири манфӣ расонад. Номгузорӣ ва шакли дурусти навишти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи фарҳанг, анъанаҳои миллӣ ва Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июли 2016, №325 тасдиқ карда шудааст, амалӣ мегардад. Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кӯдак гузоштани номи ба фарҳанги миллии тоҷикӣ бегона, номи ашё, мол, ҳайвонот ва парандагон, инчунин ном ва ибораҳои таҳқиромез, ки шаъну шарафи инсонро паст мезананд ва одамонро ба табақаҳо ҷудо менамоянд, манъ аст.
Дар баробари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, падару модар вазифадоранд, барои ҳифзи саломатӣ, ташаккули ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии кӯдак шароит муҳайё намоянд. Кӯдак низ ҳамчун як узви ҷудонопазири ҷомеа ва категорияи ба ҳимоя эҳтиёҷманди аҳолӣ дар қатори дигар калонсолон ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ дорад. Баъд дар давоми наврасӣ ва ба воярасонии кӯдак падару модарро мебояд аз вазъи саломатии фарзанди хеш огоҳ бошанд ва беаҳмиятӣ зоҳир накунанд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбия ва таълими кӯдак" уҳдадориҳои падару модар, давлат ва ҷомеаро дар тарбия ва таълими фарзандон чунин муайян ва муқаррар кардааст:
"Моддаи 5. Вазифаҳои волидайн, омӯзгорон, давлат ва ҷомеа дар таълим ва тарбияи фарзанд:
Яке аз нуқтаҳои муҳими муносибати падару модар бо кӯдакон, наврасон ин тамос, муносибатҳои бовариноки зич байни ҳамдигар мебошад. Кӯдак ба гармӣ, муҳаббат, дастгирии падару модар ниёзи аввалия дошта, тарбия ва таълими дуруст кӯмак мекунад, ки дар оянда аз ин ё он мушкилот канорагирӣ шавад. Падару модар дар навбати худ, ҳуқуқ доранд бо раванди таълим ва тарбия, мундариҷаи таълим, иштирок, сатҳ ва сифати фаъолияти кӯдак шинос шаванд. Аз ин рӯ онҳо бояд бо омӯзгорон ҳамкории зич дошта бошанд, зеро омӯзгорон маълумотҳои заруриро дар бораи таълиму тарбияи кӯдак, ки бо муассисаи таълимӣ алоқаманд аст, доранд ва метавонанд ба падару модарон машварату тавсияҳои дуруст ва манфиатовард пешниҳод намоянд.
Дар айни замон барномаи E-Donish сохта шудааст, ки дар он ҳар як волидайн метавонад дар бораи иштирок ва фаъолияти фарзанди худ маълумот гирад. Дар даврони ҷаҳонишавӣ ва тағйироти босуръати ҷаҳон, истифодаи фаъолонаи Интернет, падару модар бояд наврасонро аз таъсири бегона эмин дошта, сатҳи дониши ҳуқуқии онҳоро баланд бардоранд, дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, эҳтироми анъана ва урфу одатҳои миллӣ, ки мардуми тоҷик бо онҳо сарватманд ва ифтихор доранд, тарбия намоянд.
Эҳсоси масъулияти баланди падарию модарӣ ва тарбияи фарзандони бомаърифат ба ташаккул ва пешрафти ҷомеа мусоидат намуда, барои ба воя расидани наслҳои аз ҳама ҷиҳат соҳиби ақлу иродаи қавӣ ва виҷдони покдошта заминаи устувор мегузорад. Зеро, ояндаи ҷомеа дар дасти насли наврас аст, аз ҳамин хотир дар таълим ва тарбияи онҳо дар баробари падару модар, инчунин ҷомеа ва дигар қишрҳои он саҳмгузор бошем.
Бо вуҷуди ин, тарбияи аввалин аз оила сарчашма мегирад ва оила аввалин мактаби рӯзгор аст. Аз эҳсоси баланди масъулияти падару модар хулқу атвори ояндаи кудак вобастагии калон дорад.
Маҷидов Комрон
мутахассиси пешбари Бахши таъминоти ҳуқуқии
Хадамоти зиддиинҳисории назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон