Имруз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии роҳбарони мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Ҷаласа бо ташаббуси Хадамоти зиддииинҳисорӣ ва дастгирии Созмони ҳамкории Шанхай соли 2024 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаласаи дуюми он соли 2025 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гардида буд.
Дар солҳои охир ҳамкории мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои – аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба яке аз самтҳои муҳими ҳамкории иқтисодӣ дар доираи Созмон табдил ёфтааст. Дар ҷаласаи навбатӣ роҳбарони роҳбарони мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои – аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба тариқи ҳузурӣ ва ба тарзи онлайн иштирок намуда, андешаронӣ намуданд.
Баргузории чунин чорабиниҳо имконияти мусоид ҷиҳати мубодилаи таҷриба ва баррасии масъалаҳои мубрами сиёсати рақобатиро фароҳам меорад.
Дар шароити муосир таъмини рақобати одилона ва самаранок аҳамияти хосса пайдо мекунад. Дар ҷаласа таъкид шуд, ки рушди босуръати иқтисоди рақамӣ, тиҷорати электронӣ, савдои фаромарзӣ ва ҳамкории сармоягузорӣ такмили минбаъдаи танзими зиддиинҳисорӣ ва таҳкими ҳамкории байни мақомоти салоҳиятдори давлатҳои аъзоро тақозо менамояд.
Имрӯз давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар соҳаи сиёсати рақобат бо як қатор масъалаҳои муштарак рӯ ба рӯ мебошанд. Рушди босуръати иқтисоди рақамӣ, афзоиши нақши платформаҳои рақамӣ ва тиҷорати электронӣ, аҳамияти рӯзафзуни маълумот ҳамчун захираи иқтисодӣ ва пайдоиши моделҳои нави соҳибкорӣ тақозо менамоянд, ки сиёсати рақобат ва танзими зиддиинҳисорӣ мутобиқ ба талаботи замон пайваста такмил дода шаванд.
Ҷонибҳо иброз доштанд, ки чунин чорабиниҳо метавонад ба рушди минбаъдаи ҳамкории бисёрҷонибаи мақомоти зиддиинҳисорӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай мусоидат намояд.