Ҳамватанони азиз!
Бо камоли эҳтиром ва ифтихори бузурги ватандорӣ Шуморо ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ, ки рамзи соҳибихтиёриву давлатдории миллии миллати шарафманди мо мебошад, самимона, табрик менамоем. Истиқлоли давлатӣ, ки барои мардуми шарафманди Тоҷикистон марҳилаи нави таърихиро оғоз бахшид, аз нигоҳи таърих муддати чандон тулониро сипарӣ накардааст, вале кишвари азизи мо дар ин давра таҳти сиёсати хирадмандона ва созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои басо назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ноил гардида, дар қатори кишварҳои рӯ ба рушд қарор гирифт.
Дар замони муосири рушди давлатдории миллӣ ҳадафҳои стратегии имрӯзаи давлат, ки баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, Истиқлолияти энергетикӣ ва саноатикунонии босуръати кишварро пешбинӣ менамоянд, бори дигар собит месозанд, ки Пешвои муаззами миллат дар модели давлатсозии мо ҳадафҳоро аз рӯйи бартарияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ муайян менамояд. Татбиқи самараноки онҳо ба болоравии сатҳи зиндагии мардум, эътимоду эътиқоди онҳо ба ояндаи дурахшон, рӯҳбаландии иҷтимоӣ мусоидат намуда, Истиқлоли иқтисодию сиёсӣ ва фарҳангии моро таҳким бахшида, баҳри рушди устувори давлатдории миллии мо ҳамаҷониба шароит фароҳам оварда истодаанд.
Дар маҷмуъ, Истиқлол барои мо рамзи олии ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкори пайгиронаи созанда, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба Истиқлоли сиёсӣ, иқтисодӣва фарҳангиро фароҳам оварда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.
Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш ба Шумо саломатии бардавом, саодати ҳамешагии рӯзгор, неруи созанда ва дар фаъолияти пурмасъули давлатӣ комёбиҳо таманно менамоем.
Бигзор Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷовидону поянда, сулҳу ваҳдати миллӣ ва сарҷамъию муттаҳидии мардуми шарифамон пойдор ва кишвари азизамон ҳамеша сарсабзу ободу пешрафта бошад!
Ҷашни 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!
Бо камоли эҳтиром, Ҳайдаралӣ Раҷабзода сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.