Мақсади асосии Қонуни қабулгардида, ки дар муқаддимаи он ифода ёфтааст, муайян намудани асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии ҳимояи рақобат, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди рақобат, фаъолияти самараноки бозорҳои мол (кор, хизматрасонӣ) ва молиявӣ, таъмини фазои ягонаи иқтисодӣ ва фаъолияти озоди иқтисодӣ мебошад.
Қабули Қонуни болозикр қадами муҳим дар самти такмили сиёсати давлатии рақобат ба ҳисоб рафта, ба ташаккули механизмҳои муосири пешгирӣ ва ошкор намудани фаъолияти зиддирақобатӣ, таҳкими назорати давлатии зиддиинҳисорӣ, таъмини баробарии иштирокдорони бозор ва ҳифзи манфиатҳои соҳибкорон ва истеъмолкунандагон равона гардидааст.
Ҳадафҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат»:
Қонуни мазкур на танҳо манъи амалҳои зиддирақобатиро пешбинӣ менамояд, балки масъалаҳои созишномаҳои байни субъектҳои хоҷагидор, мавқеи ҳукмфармоӣ, рақобати бевиҷдонона, ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ, бозори хизматрасониҳои молиявӣ, мутамарказияти иқтисодӣ ва ваколатҳои мақоми давлатии зиддиинҳисориро ба таври муфассал танзим мекунад.
Дар ин замина, баррасии меъёрҳои асосӣ ва талаботи нави Қонун барои субъектҳои хоҷагидор, мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои молиявӣ ва дигар иштирокдорони муносибатҳои иқтисодӣ аҳаммияти махсус дорад.
Мувофиқи қисми 1 моддаи 2 Қонун, он нисбат ба муносибатҳое татбиқ мегардад, ки ба ҳимояи рақобат, аз ҷумла огоҳонӣ, маҳдудкунӣ ва пешгирии фаъолияти зиддирақобатӣ ва рақобати бевиҷдонона дар бозорҳои мол, хизматрасонӣ ва молиявӣ равона шудаанд.
Доираи татбиқи Қонун васеъ буда, на танҳо субъектҳои хоҷагидор, балки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, шахсони хориҷӣ, мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои давлатии ваколатдор, фондҳои давлатии ғайрибуҷетӣ, ташкилотҳои молиявӣ ва Бонки миллии Тоҷикистонро низ фаро мегирад.
Мувофиқи қисми 3 моддаи 2, талаботи Қонун нисбат ба субъектҳои хоҷагидор новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва маҳалли бақайдгирии онҳо бо шартҳои якхела ва баробар татбиқ мегардад.
Ҳамзамон, қисми 4 моддаи 2 имконияти татбиқи Қонунро нисбат ба созишномаҳо ва амалҳое пешбинӣ менамояд, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шуда, боиси маҳдуд гардидани рақобат дар бозорҳои мол, хизматрасонӣ ва молиявии кишвар мегарданд.
Яке аз хусусиятҳои муҳими Қонуни нав мушаххас намудани мафҳумҳои ҳуқуқии марбут ба муносибатҳои бозорӣ мебошад.
Аз ҷумла:
- тибқи банди 1) моддаи 1, «амалҳои мувофиқашуда» шакли ҳамоҳангшудаи амалҳои зиддирақобатӣ мебошанд, ки субъектҳои хоҷагидор бе бастани созишномаи расмӣ, бо мақсади ба даст овардани манфиати мутақобила ва маҳдуд намудани рақобат анҷом медиҳанд;
- тибқи банди 20) моддаи 1, созишнома ҳама гуна созиш, тафоҳум ё амали мувофиқашуда дар шакли хаттӣ, шифоҳӣ ё электронӣ мебошад, ки байни ду ё зиёда тараф баста шуда, метавонад ба рақобат таъсир расонад;
- тибқи банди 21) моддаи 1, созишномаи уфуқӣ (картел) созишномаи байни субъектҳои хоҷагидори бо ҳам рақобаткунанда мебошад, ки дар як бозор фаъолият намуда, ба маҳдуд намудани рақобат равона гардидааст;
- банди 22) моддаи 1 мафҳуми созишномаи амудиро ҳамчун созишномаи байни субъектҳои хоҷагидоре муайян менамояд, ки яке аз онҳо молро ба даст меорад ва дигаре онро пешниҳод ё мефурӯшад.
Яке аз талаботи асосии Қонуни мазкур танзими муносибатҳои байни субъектҳои хоҷагидор ва пешгирии созишномаҳоест, ки метавонанд рақобатро маҳдуд, пешгирӣ ё таҳриф намоянд.
Мувофиқи моддаи 5 Қонун, созишномаҳои зиддирақобатӣ ва амалҳои мувофиқашуда ба ду гурӯҳи асосӣ ҷудо мешаванд:
- созишномаҳои уфуқӣ - байни субъектҳои хоҷагидори бо ҳам рақобаткунанда ё рақибони эҳтимолӣ дар як бозор;
- созишномаҳои амудӣ - байни субъектҳои хоҷагидори бо ҳам рақобатнадошта, ки яке аз онҳо харидор ва дигаре таъминкунанда ё фурӯшандаи мол мебошад.
Яке аз самтҳои муҳими ҳимояи рақобат пешгирии истифодаи нодурусти мавқеи ҳукмфармоӣ мебошад.
Мувофиқи банди 9 моддаи 1, мавқеи ҳукмфармоӣ мавқеи махсуси як ё якчанд субъектҳои хоҷагидор дар бозори мол мебошад, ки ба онҳо имконият медиҳад ба шарту шароити умумии муомилот дар бозори дахлдор таъсири ҳалкунанда расонанд ё воридшавии субъектҳои дигарро ба бозор мушкил гардонанд.
Қонун меъёрҳо ва омилҳои муайян намудани мавқеи ҳукмфармоиро муқаррар мекунад.
Қонуни нав инчунин мафҳуми мавқеи ҳукмфармои коллективиро ба танзим медарорад.
Дар бозори хизматрасониҳои молиявӣ меъёрҳои махсуси муайян намудани мавқеи ҳукмфармоӣ татбиқ мегарданд.
Қонун масъалаи муайян намудани нархҳои баланди инҳисорӣ ва пасти инҳисориро дар бозори мол танзим менамоянд. Ин меъёрҳо барои пешгирии истифодаи мавқеи ҳукмфармоӣ бо мақсади беасос баланд бардоштани нархҳо ё ба бозор берун кардани рақибон тавассути нархгузории ғайрирақобатӣ аҳаммияти муҳим доранд.
Яке аз навгониҳои муҳими Қонуни зикргардида танзими масъалаи ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ мебошад.
Мувофиқи банди 5 моддаи 1, ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ пешниҳоди имтиёзҳо ва бартариҳои инфиродӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ё ташкилотҳои ваколатдор ба як ё якчанд субъектҳои хоҷагидор мебошад, ки барои фаъолияти онҳо дар бозори мол (кор, хизматрасонӣ) шароити мусоид фароҳам меорад.
Моддаи 18 Қонун тартиби назорати чунин ёриро муқаррар менамояд.
Тибқи қисми 2 моддаи 18, ба шаклҳои ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ, аз ҷумла, инҳо дохил мешаванд: имтиёзҳои андозиву гумрукӣ, субсидияҳо ва грантҳо, кафолатҳои давлатӣ, қарзҳои имтиёзнок, ҳуқуқҳои истисноӣ, фурӯш ё иҷораи молу мулки давлатӣ бо нархҳои имтиёзнок, додани ҳуқуқи истифодаи захираҳои замин ва қаъри замин бо шартҳои имтиёзнок ва дигар имтиёзҳо ва бартариҳое, ки метавонанд ба рақобат таъсир расонанд.
Бо мақсади таъмини шаффофият, қисми 6 моддаи 18 пешбурди Феҳристи ёрии давлатиро аз ҷониби мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ пешбинӣ менамояд.
Масъалаи муҳим дар ин самт қисми 7 моддаи 18 мебошад. Мувофиқи он, расонидани ёрии давлатӣ бе огоҳӣ ё то қабули қарори мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ ёрии ғайриқонунии давлатӣ ҳисобида шуда, бо тартиби муқарраргардида ба мақоми пешниҳоднамудаи ёрӣ ҷуброн карда мешавад.
Қонуни нав нақши мақоми давлатии зиддиинҳисориро дар татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба рушди рақобат ва пешгирии фаъолияти зиддирақобатӣ тақвият медиҳад.
Мувофиқи моддаи 19, мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ барои пешбурди сиёсати рақобат дар соҳаи рушди бозор ва рақобат дар фаъолияти соҳибкорӣ масъул мебошад.
Ба вазифаҳои асосии он мусоидат ба рақобати солим, огоҳонӣ, пешгирӣ, маҳдудкунӣ ва қатъ намудани фаъолияти зиддирақобатӣ ва рақобати бевиҷдонона, татбиқи чораҳои таъсиррасонӣ нисбат ба ҳуқуқвайронкуниҳо ва амалӣ намудани назорати муттаҳидшавии субъектҳои хоҷагидор дохил мешаванд.
Банди 1 қисми 1 моддаи 20 назорати давлатии риояи қонунгузории ҳимояи рақобатро на танҳо нисбат ба субъектҳои хоҷагидор, балки нисбат ба мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои давлатӣ ва ташкилотҳои молиявӣ низ пешбинӣ менамояд.
Моддаи 21 Қонун ҳуқуқ ва тартиби дастрас намудани маълумотро аз ҷониби мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ муқаррар менамояд.
Мувофиқи қисми 1 моддаи 21, кормандони ваколатдори мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ дар асоси мониторинги бозор, шикояти воридшуда ё мавҷуд будани гумони асоснок оид ба вайрон кардани қонунгузории ҳимояи рақобат, бо пешниҳоди қарори дахлдор ҳуқуқ доранд барои шиносоӣ бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба мақомоти давлатӣ ва бинои субъектҳои хоҷагидор ворид шаванд.
Моддаи 22 яке аз механизмҳои муҳими назорати зиддиинҳисориро пешбинӣ мекунад.
Мувофиқи қисми 1 моддаи 22, санҷишҳои ногаҳонӣ бо мақсади муайян, маҳдуд ва қатъ намудани созишномаҳои зиддирақобатӣ ва картелҳо гузаронида мешаванд.
Дар шароити рушди иқтисодиёт, муттаҳидшавии корхонаҳо, ба даст овардани назорат ба субъектҳои хоҷагидор ва таъсиси корхонаҳои муштарак равандҳои табиии фаъолияти соҳибкорӣ мебошанд. Аммо чунин амалҳо метавонанд ба сохтори бозор ва сатҳи рақобат таъсири назаррас расонанд.
Бо ин мақсад, боби 4 ва моддаҳои 23 ва 24 Қонун масъалаи назорати давлатии мутамарказияти иқтисодиро ба танзим медароранд.
Мувофиқи банди 13 моддаи 1, мутамарказияти иқтисодӣ муттаҳидшавии ду ё зиёда шахсони ҳуқуқии мустақил мебошад, ки метавонад тавассути муттаҳидшавӣ, ба даст овардани назорат ба шахси ҳуқуқии дигар ё таъсиси корхонаи муштарак амалӣ гардад.
Моддаи 23 тартиби назорати давлатии чунин аҳдҳо ва амалҳоро муқаррар менамояд.
Қонуни мазкур на танҳо ваколатҳои назоратиро муайян менамояд, балки иҷрои қарорҳои мақоми давлатии зиддиинҳисориро низ кафолат медиҳад.
Мувофиқи моддаи 25, дар ҳолати вайрон намудани қонунгузории ҳимояи рақобат субъектҳои хоҷагидор, мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот уҳдадоранд талаботи фармоиш, қарор ва амрномаи мақоми давлатии зиддиинҳисориро иҷро намоянд.
Хулоса
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат» аз 21 октябри соли 2026, №2301 заминаи ҳуқуқии муосирро барои пешгирии фаъолияти зиддирақобатӣ, назорати ёрии давлатӣ, муайян намудани мавқеи ҳукмфармоӣ ва пешгирии инҳисоршавии бозор фароҳам меорад.
Талаботи Қонун аз субъектҳои хоҷагидор риояи қоидаҳои рақобатро ҳангоми бастани созишномаҳо, ташаккули нархҳо ва анҷом додани аҳдҳои иқтисодӣ тақозо менамояд. Ҳамзамон, мақомоти давлатӣ бояд ҳангоми пешниҳоди имтиёз ва дигар шаклҳои дастгирӣ таъсири онҳоро ба рақобат ба назар гиранд.
Татбиқи самараноки Қонун ба рушди соҳибкории озод, баланд бардоштани шаффофияти бозор, ҷалби сармоягузорӣ ва рушди устувори иқтисоди миллӣ мусоидат хоҳад кард.
Рақобати солим - кафили рушди соҳибкорӣ, самаранокии иқтисодиёт ва некӯаҳволии мардум!
Сардори Раёсати танзими инҳисороти табиӣ ва соҳаи обтаъминкунии
Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Абдуллозода Ҳабиб Рустам.