Санаи 28-29 октябри соли 2026 дар шаҳри Ханкедии Ҷумҳурии Озарбойҷон ҷаласаи 61-уми Шӯрои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.Дар ҷаласаи болозикр муовини сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиззода Икромиддин Музаффар ва сардори раёсати ҳимоя ва рушди рақобати Хадамот Мирзомиддинзода Талбак иштирок намуданд.
Дар доираи ҷаласаи 61-уми Шӯро қарорҳои қабулгардидаи ҷаласаи қаблии Шӯро, масъалаҳои ҳамкории байни мақомотҳои зиддиинҳисории давлатҳои иштирокчӣ, табодули таҷрибаи пешқадам ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифт.Инчунин, ҳар як давлати аъзо оид ба корҳои муҳими анҷомёфта, дар давоми аз ҷаласаи гузашта то ҷаласаи имрӯза гузориш пешниҳод намуда, аз такмили қонунгузории соҳа то ҷорӣ намудани механизмҳои нави танзмкунӣ изҳори андеша намуданд.Дар рафти ҷаласа диққати махсус ба масъалаҳои рақамикунонии соҳа, танзими савдои электронӣ, хизматрасониҳои молиявӣ, хизматрасонии алоқаи мобилӣ ва табодули маълумот зоҳир карда шуда, ҳозирин вобаста ба ин масъалаҳои андешаҳои худро баён карданд.
Дар идома бо назардошти маҳдуд будани муҳлати байни ҷаласаҳои Шӯро, ки дар як сол ду маротиба ба нақша гирифташуда, корҳои анҷомдодаи мақомотҳои зиддиинҳисории давлатҳои иштирокчӣ дар ин давра нобаробар ва нокифоя мебошад, пешниҳод гардид, ки масъалаи дар як сол як маротиба баргузор намудани ҷаласаи Шӯрои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавриди баррасӣ қарор дода шавад.Дар фарҷоми ҷаласа пешниҳод гардид, ки ҷаласаи навбатии Шӯро дар Ҷумҳурии Қирғизистон банақша гирифта шавад.