Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 қабул гардидааст, яке аз дастовардҳои муҳимми даврони истиқлол буда, ҳамчун Қонуни асосии давлат заминаи ҳуқуқии рушди давлатдории миллӣ, таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва таъмини волоияти қонунро фароҳам овардааст.
Ин санади сарнавишсоз дар таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ташаккули ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ нақши муҳим дошта, роҳнамои фаъолияти мақомоти давлатӣ ва масъулияти ҳар як шаҳрванд дар назди Ватан мебошад.
Бо шарофати сиёсати созанда ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои конститутсионӣ дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди иқтисоди миллӣ ва пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа аҳаммияти хосса пайдо намудаанд.
Дар Конститутсия таъкид шудааст, ки Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Ин ҷавҳари конститутсионӣ дар радифи соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона будани давлат мӯҳтавои иҷтимоии онро ифода менамояд. Яке аз талаботи муҳими Конститутсия ин эҳтиром, риоя ва иҷрои ҳатмии меъёрҳои он ва қонунҳо мебошад. Зеро қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ омили асосӣ ва зарурии суботу оромии ҷомеа ва дар ин замина пешрафту созандагии он аст.
Эҳтиром ба Конститутсия ва риояи меъёрҳои он вазифаи муқаддаси ҳар яки мост. Танҳо бо эҳтиром ба қонун, масъулияти шаҳрвандӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ метавонем дар ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими ваҳдати миллӣ ва ободонии Тоҷикистони азиз саҳми арзишманд гузорем.
Бо истифода аз ин фурсати нек, ба ҳар як хонадони тоҷик сулҳу оромӣ, саломатӣ, хушбахтӣ ва баракат, ба кишвари азизамон суботи пойдор, пешрафти устувор ва шукуфоии рӯзафзун орзу менамоям.
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад, ҳамватанони азиз!
Бигзор Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамеша кафили ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таҳкими ваҳдати миллӣ ва ояндаи дурахшони Ватани маҳбубамон бошад!