Дар идомаи сафари кории худ 3 сентябри соли 2026 намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҷабзода Ҳайдарали Раҷабали дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Қасри фарҳанги ноҳияи Шаҳристон баргузор гардид, иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинӣ сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Ҳайдарали Раҷабали аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи сокинони ноҳияи Шаҳристон ва иштирокчиёни чорабиниро ба муносибати ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуданд.
Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ заминаи устувори рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварро фароҳам овард. Дар ин замина, бо дастгирӣ ва роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳияи Шаҳристон рушд намуда, барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ як қатор иншооти дорои аҳамияти иҷтимоию иқтисодӣ бунёд ва ба истифода дода шудаанд.
Дар идомаи чорабинӣ ба як қатор фаъолон ва шахсони хизматнишондодаи ноҳияи Шаҳристон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Медали «Хизмати шоиста» ва Ифтихорномаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, тақдим карда шуданд.
Ҳамчунин, ба як зумра собиқадорон ва фаъолони ноҳия барои саҳми арзандаашон дар корҳои ободонию созандагӣ ва татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ифтихорномаҳои Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданд.
Чорабинии тантанавӣ бо барномаи рангини фарҳангӣ, ки аз суруду таронаҳо ва рақсу оҳангҳои ватандӯстона иборат буд, идома ёфта, дар фазои идона ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ба анҷом расид.