Санаи 31 августи соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарият ва кормандони Хадамоти зиддиинҳисорӣ бо як рӯҳияи баланд мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо аҳли кормандони соҳаи маъорифи кишвар бахшида ба Рӯзи дониш дастаҷамъона тамошо карданд.
Аҳли кормандон аз суханронии Пешвои муаззами миллат барҳаманд гардида, барои тарбияи насли наврас ба хусус дар доираи оилаи худ чизҳои навро аз худ намуда, барои амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муаззаф гардиданд.