Санаи 28-уми июли соли 2026 дар Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа дар мавзӯи «Ифротгароӣ ва роҳҳои пешгирии он дар шароити муосир» бо иштироки роҳбарият ва кормандони Хадамот, инчунин намояндаи мақомоти қудратӣ баргузор гардид.
Ҷаласаро муовини якуми Сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ Азимӣ Азамат ифтитоҳ намуда, зимни суханронии худ оид ба аҳаммияти пешгирии ифротгароӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии кормандон, баланд бардоштани ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ ва нақши ҳар як шахс дар ҳифзи амнияти миллӣ ибрози назар намуданд.
Зимни ҷаласа таъкид гардид, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ муҳимтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон буда, маҳз бо шарофати талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии мардуми кишвар пас аз солҳои вазнини ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон сулҳу оромӣ барқарор гардид. Маҳз дар натиҷаи сулҳу ваҳдати миллӣ барои рушди устувори кишвар, пешрафти иқтисодиёт ва иҷтимоиёт, бунёди иншооти муҳими стратегӣ, рушди соҳаҳои энергетика, нақлиёт, саноат, маориф, тандурустӣ ва дигар бахшҳои хоҷагии халқ заминаи мусоид фароҳам омад.
Дар идома намояндаи мақомоти қудратии кишвар доир ба роҳҳои пешгирии ифротгароӣ дар шароити муосир, хатари шомилшавии ҷавонон ва дигар қишрҳои ҷомеа ба гурӯҳҳои ифротӣ, инчунин таъсири манфии таблиғоти ифротгароёна тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ маърӯза намуданд. Қайд гардид, ки дар солҳои охир гурӯҳҳои ифротӣ бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ барои ҷалби шаҳрвандон, бахусус ҷавонон, аз усулҳои гуногун истифода мебаранд. Аз ин рӯ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, худшиносии миллӣ, ҳушёрии сиёсӣ ва фарҳанги истифодаи дурусти фазои иттилоотӣ аҳаммияти хоса дорад.
Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки мубориза бо ифротгароӣ танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ набуда, масъулияти муштараки давлат, ҷомеа, оила ва ҳар як шаҳрванд мебошад. Дар ин замина тарғиби арзишҳои миллӣ, ватандӯстӣ, ватанпарварӣ, эҳтиром ба қонун, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносӣ аз омилҳои муҳими пешгирии гаравидани онҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ арзёбӣ гардид.
Ҳамчунин иштирокчиён аз ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳкими сулҳу амният ёдовар шуда, зикр намуданд, ки имрӯз Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳпарвар ва ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ дар арсаи байналмилалӣ эътироф гардидааст. Аз ҷумла, қабули ташаббуси нави Тоҷикистон таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, ба таҳкими фарҳанги сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ равона гардида, мавқеи кишвари моро ҳамчун ҷонибдори сулҳу субот боз ҳам тақвият мебахшад.
Дар анҷоми ҷаласа иштирокчиён оид ба масъалаҳои баррасишуда мубодилаи афкор намуда, омодагии худро барои саҳмгузорӣ дар пешгирии ифротгароӣ, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлатӣ ва таъмини суботу амнияти ҷомеа иброз намуданд.