Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғи кӯдаконаи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе намоиши бошукӯҳи маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои ноҳияи Шаҳристон баргузор гардид. Тадбири мазкур рамзи фаровонӣ, ҳосили заҳмати деҳқон ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ мебошад.
Гӯшаи намоишии ноҳияи Шаҳристон бо завқи баланд ва тарҳи зебои миллӣ оро дода шуда, дар он навъҳои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла меваҳои шаҳдбори кӯҳистон, сабзавоти тару тоза, картошка, асали табиӣ, маҳсулоти коркарди меваю сабзавот, гиёҳҳои шифобахш, инчунин намунаҳои беҳтарини ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили чакандӯзӣ, гулдӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, қолинбофӣ, кандакорӣ ва дигар маҳсули ҳунари дастии ҳунармандони ноҳия ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Ҳамзамон, дар гӯшаи махсус дастовардҳои ноҳияи Шаҳристон дар солҳои соҳибистиқлолӣ, аз ҷумла корҳои ободониву созандагӣ, бунёди иншооти иҷтимоӣ, рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш, кишоварзӣ ва сайёҳӣ тавассути аксҳо, лавҳаҳо ва дигар маводи иттилоотӣ муаррифӣ гардиданд, ки таваҷҷуҳи зиёди меҳмононро ба худ ҷалб намуданд.
Нахуст меҳмононро аҳли фарҳанги ноҳияи Шаҳристон бо рӯҳияи баланди миллӣ ва меҳмоннавозии хоси мардуми кӯҳистон истиқбол гирифтанд. Фолклорсароёни ноҳия бо қироати шеърҳои ватандӯстона, сурудҳои дилнишини халқӣ ва барномаи ҷолиби пазироӣ фазои гарму самимӣ ва идонаро ба вуҷуд оварда, аз анъанаҳои неки фарҳангии мардуми Шаҳристон ба меҳмонон таассуроти нек бахшиданд.
Дар чорабинӣ роҳбарияти ноҳия, муовини Раиси шаҳри Душанбе Фақерзода Рустам Раҳим, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар н. Шаҳристон сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Ҳайдаралӣ Раҷабалӣ, муовини раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қодирзода Ҷовидон Қодир ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуда, ба сатҳу сифати чорабинӣ баҳои баланд доданд.
Иштирокчиёни чорабинӣ таъкид намуданд, ки чунин чорабиниҳо барои муаррифии дастовардҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, тарғиби маҳсулоти ватанӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва таҳкими ҳисси ифтихори миллӣ аҳамияти калон доранд.
Дар баробари маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, дар намоишгоҳ дастовардҳои ноҳияи Шаҳристон дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҷавонон ва варзиш, инчунин меъморӣ ва шаҳрсозӣ низ ба таври шоиста муаррифӣ гардиданд.
Дар гӯшаи соҳаи маориф дастовардҳои муассисаҳои таълимӣ, иштироки хонандагон дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, комёбиҳои омӯзгорон, рушди инфрасохтори муассисаҳои таълимӣ ва истифодаи технологияҳои муосири таълимӣ тавассути аксҳо, лавҳаҳо ва маводи иттилоотӣ ба намоиш гузошта шуданд.
Гӯшаи соҳаи тандурустӣ аз пешрафти муассисаҳои тиббӣ, беҳтар гардидани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, таҷдиду азнавсозии иншооти соҳа, таъмини муассисаҳо бо таҷҳизоти замонавӣ ва дастовардҳои кормандони соҳаи тандурустии ноҳия шаҳодат медод.
Ҳамчунин дастовардҳои бахши ҷавонон ва варзиш, аз ҷумла иштироки ҷавонони ноҳия дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, дастовардҳои варзишгарон, фаъолияти ҷавонони фаъол ва саҳми онҳо дар корҳои ҷамъиятӣ мавриди таваҷҷуҳи меҳмонон қарор гирифт.
Воқеан ноҳияи Шаҳристон дар замони Истиқлол дар партави сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қадамҳои устувор дар роҳи рушду пешрафт ва шукуфоист.
Дар поёни чорабинӣ барномаи рангини консертӣ аз ҷониби ҳунармандони ноҳия пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд. Барномаи фарҳангӣ фарогири суруду таронаҳои ватандӯстона ва саҳнаҳои театркунонидашудаи тарбиявиро ташкил менамуд.