Имрӯз дар Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти Хадамот сардорони раёсатҳо ва доираи васеи намояндагони ВАО нишасти матбуотӣ доир гардид.
Зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дода шуд, ки ҷиҳати самарабахш фаъолият намудани бозорҳои мол тибқи «Тартиби ташаккул ва пешбурди Феҳристи субъектҳои хоҷагидоре, ки дар бозорҳои мол мавқеи ҳукмфармоиро доро мебошанд» ва «Қоидаҳои муайян намудани мавқеи ҳукмфармоии субъекти хоҷагидор», ки бо фармоишҳои Хадамоти зиддиинҳисорӣ аз 1 марти соли 2018, №27 «а» ва №28 «а» тасдиқ ва дар феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон №922 ва №923 аз 14 ва 28 марти соли 2018 ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд, Феҳристи субъектҳои хоҷагидор, ки дар бозорҳои моли муайян мавқеи ҳукмфармоиро доро мебошанд таҳия ва бо фармоиши Хадамоти зиддиинҳисорӣ аз 1 майи соли 2026, №01-4.1/70 тасдиқ карда шуд.
Тибқи феҳристи болозикр 105 адад субъекти хоҷагидор аз рӯйи истеҳсол, коркард ва воридоти молу маҳсулот, аз ҷумла маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ ва аз рӯйи кору хизматрасонӣ ба Феҳристи субъектҳои хоҷагидори дар сатҳи ҷумҳуриявӣ мавқеи ҳукмфармоидошта ворид карда шудаанд.
Боиси зикр аст, ки фаъолияти субъектҳои хоҷагидоре, ки дар бозори моли муайян мавқеи ҳукмфармоиро доро мебошанд, мутобиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат» таҳти назорат ва танзим қарор дода мешаванд. Мувофиқи маълумоти гумрукӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2026 ба ҷумҳурӣ 599,5 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ба маблағи 494,7 млн доллар бо нархи миёнаи 825 доллар ворид гардидааст, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса нисбати ҳамин давраи соли гузашта 35,9 ҳазор тонна зиёд буда, нархи миёнаи воридотии он нисбат ба моҳҳои январ-июни соли гузашта 38,0 доллар ё ба андозаи 4,8 фоиз афзоиш ёфтааст.
Воридоти маҳсулоти нафтӣ ба ҷумҳурӣ асосан аз Федератсияи Россия 91,1 фоиз, Ҷумҳурии Белорус 2,8 фоиз, Ҷумҳурии Туркманистон 1,9 фоиз, Ҷумҳурии Қазоқистон 1,0 фоиз, Ҷумҳурии Ӯзбекистон 0,9 фоиз, Ҷумҳурии Қирғизистон 0,9 фоиз ва боқимонда 1,5 фоиз ба дигар давлатҳои хориҷи дур рост меояд.
Сузишвории дизелӣ:
Аз ҷониби беш аз 30 субъекти хоҷагидор дар моҳҳои январ-июни соли 2026 ба ҷумҳурӣ 300,2 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ ба маблағи 236,8 млн доллар бо нархи миёнаи 789 доллар ворид намудаанд, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса нисбати ҳамин давраи соли гузашта 35,4 ҳазор тонна зиёд ва нархи миёнаи воридотии он нисбат ба моҳҳои январ-июни соли гузашта 32,0 доллар ё ба андозаи 4,2 фоиз боло рафтааст.
Воридкунандагони асососӣ дар ин бозор ҶДММ “Газпромнефт Тоҷикистон” бо ҳиссаи 45,4 фоиз, АЗМД назди ҲҶТ 6,1 фоиз, ҶДММ “Эмом импорт экспорт” 5,8 фоиз, ҶДММ “Сеганҷ” 4,7 фоиз, ҶДММ “Темур ойл” 4,5 фоиз, ҶДММ “Таҷ Тур” 2,9 фоиз, ҶСК “Ширкати таъминоти сӯзишворӣ” 2,8 фоиз, ҶДММ “Мабдаи Нур” 2,3 фоиз,ҶДММ “Поиметал” 2,2 фоиз, ҶДММ “Соро компаниян” 2,1 фоиз ва дигар субъектҳо бо ҳиссаи 21,1 фоиз баҳисоб мераванд.
Бозори бензин:
Воридкунандагони бензин дар моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 8 субъекти хоҷагидорро ташкил намуда, онҳо ба ҷумҳурӣ 243,2 ҳазор тонна бензин ба маблағи 196,2 млн доллар бо нархи миёнаи 807 доллар ворид намудаанд, ки воридот нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1,8 ҳазор тонна зиёд буда, нархи миёнаи воридотии он 61,0 доллар ё ин ки 8,2 фоиз афзоиш ёфтааст.
Воридкунандагони асососӣ дар ин бозор ҶДММ “Газпромнефт Тоҷикистон” бо ҳиссаи 45,1 фоиз, ҶДММ “Темур ойл” 22,3 фоиз, АЗМД назди ҲҶТ 13,3 фоиз, ҶДММ “Эмом импорт экспорт” 7,5 фоиз, ҶСК “Ширкати таъминоти сӯзишворӣ” 5,8 фоиз, ҶДММ “Октан сервис” 4,1 фоиз ва дигар субъектҳо бо ҳиссаи 1,9 фоиз баҳисоб мераванд.
Бозори гази моеъ:
Дар моҳҳои январ-июни соли 2026 аз ҷониби 16 субъект ба ҷумҳурӣ 241,1 ҳазор тонна гази моеъ ба маблағи 164,3 млн доллар, бо нархи миёнаи 681 доллар барои як тонна ворид карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 64,2 ҳазор тонна зиёд ва нархи миёнаи воридотии он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бетағйир боқӣ мондааст.
Воридоти гази моеъ ба ҷумҳурӣ ба миқдори 158,9 ҳазор тонна ё 65,9 фоиз аз Ҷумҳурии Қазоқистон ва 82,2 ҳазор тонна ё 34,1 фоиз аз Федератсияи Россия мебошад.
Дар воридоти гази моеъ дар моҳҳои январ-июни соли 2026 ширкатҳои ватанию хориҷӣ аз ҷумла: ҶДММ “Темур ойл” бо ҳиссаи 17,6 фоиз, ҶДММ “Аллат” бо ҳиссаи 16,5 фоиз, ҶДММ “Октан сервис” 10,1 фоиз, ҶДММ “Ғайрат 82” 9,8 фоиз, ҶДММ “Газпромнефт Тоҷикистон” 7,6 фоиз, ҶДММ “Эмом импорт экспорт” 7,5 фоиз, ҶДММ “Баҳор” 4,3 фоиз, ҶДММ “Мабдаи Нур” 4,3 фоиз, ҶДММ “Ирис” 4,2 фоиз, ҶДММ “Нури Дилшод 3,7 фоиз ва дигар субъектҳо бо ҳиссаи 14,4 фоиз ширкат варзидаанд.
Айни замон бо мақсади таъмини иҷрои талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2018, №287 «Дар бораи Номгӯи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, ки нархҳояшон таҳти танзими давлатӣ қарор дода мешаванд» ҷиҳати пешгирӣ намудани ҳолатҳои беасос боло рафтани нархи молу маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ дар назди сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ Ситоди доимоамалкунанда таъсис дода шудааст, ки мақсади асосии Ситод ин дар ҳолатҳои афзоиш ёфтани нархҳо фавран гузаронидани таҳлил ва мониторинги вазъи бозор ва андешидани чораҳои зарурӣ аз натиҷаи мониторинг ба ҳисоб меравад.