Санаи 10 июли соли 2026 таҳти раёсати Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи Ҳайати мушовараи Хадамот оид ба натиҷаҳои фаъолияти он дар нимсолаи якуми соли 2026 ва вазифаҳо барои семоҳаи сеюми соли ҷорӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа роҳбарияти Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарону намояндагони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва маҳаллии Хадамот иштирок намуданд.
Ҷаласаро Сардори Хадамот Раҷабзода Ҳайдаралӣ Раҷабалӣ оғоз намуда, пас аз муайян намудани регламенти ҷаласа суханро барои ироаи ҳисобот ба муовини якуми сардори Хадамот Азимӣ Азамат доданд.
Азимӣ Азамат дар ҳисоботи муфассали худ оид ба фаъолияти Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар нимсолаи якуми соли 2026 масъалаҳои вобаста ба вазъи бозорҳои молӣ, раванди болоравии нархҳо, аз ҷумла нархи маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, инчунин татбиқи қонунгузории зиддиинҳисориро мавриди баррасӣ қарор дод.
Сипас, сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Хадамот, роҳбарони раёсатҳои Хадамот дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе ва раёсати Хадамот дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баромад намуда, оид ба корҳои анҷомдодашуда дар нимсолаи якуми соли 2026 ҳисобот пешниҳод карданд.
Дар ҷаласа ба масалаи афзоиш ёфтани нархи семент ва сӯзишворӣ, аз ҷумла сӯзишвории дизелӣ диққати махсус зоҳир гардида, вобаста ба назорат ва танзими он ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуд.
Баъди шунидани ҳисоботҳо, роҳбарияти Хадамот ба воҳидҳои сохторӣ ҷиҳати тақвияти мониторинги вазъи бозорҳо, аз ҷумла назорати доимии нархи маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, махсусан дар арафаи ҷашну идҳо, дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Ҳамзамон, барои ҳарчи зудтар бартараф намудани камбудию норасоиҳои ҷойдошта ва тақвияти фаъолияти минбаъда ба воҳидҳои сохторӣ супоришҳои иловагӣ дода шуд.
Дар анҷоми ҷаласа Сардори Хадамот ҷиҳати пешбурди самараноки сиёсати давлатии зиддиинҳисорӣ барои семоҳаи сеюми соли 2026 дар назди воҳидҳои сохторӣ вазифаҳои мушаххас гузоштанд.