Санаи 26 июни соли 2026 дар Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони Хадамот ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.
Ҳамоишро муовини сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ Азиззода Икромиддин оғоз намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик намуданд.
Ҳамзамон, иброз намуданд, ки Ваҳдати миллӣ барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон санаи сарнавиштсоз ва таърихӣ мебошад. Ин рӯз рамзи пирӯзии хирад бар ҷаҳолат, сулҳ бар низоъ, созандагӣ бар харобкорӣ ва ягонагии миллӣ бар парокандагӣ буда, ҳамчун дастоварди бузурги таърихии миллати тоҷик дар саҳифаҳои таърихи давлатдории навини мо бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст.
Бисту нуҳ сол муқаддам ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ оғози марҳалаи нави рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол гардид. Ин рӯйдоди муҳими таърихӣ маҳз ба шарофати сиёсати дурандешона, иродаи қавӣ, ҷоннисориҳо ва талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид.
Дар баробари ин, аз дастовардҳо, ташаббусҳо, заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ба даст овардани сулҳу суботи комил дар кишвари азизамон ёдовар шуданд.
Дар чорабинӣ инчунин кормандони Хадамот бахшида ба ин санаи таърихӣ маърӯза намуда, вобаста ба муҳимият ва афзалиятҳои ин ҷашни фархунда изҳори назар намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ роҳбарият бори дигар кормандон ва тамоми мардуми шарафманди Ватани азизамонро бо ҷашни таърихӣ ва сарнавиштсоз табрик намуда, ба онҳо пеш аз ҳама саломатӣ, хушбахтӣ ва ба Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу суботи пойдор орзу намуданд.