Санаи 31 майи соли 2026 намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Ҳайдаралӣ Раҷабалӣ ҷиҳати шиносои аз рафти корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои ҷашни бахшида ба 35-солагии…
Санаи 31 майи соли 2026 намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Ҳайдаралӣ Раҷабалӣ ҷиҳати шиносои аз рафти корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои ҷашни бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд сафар намуданд.
Зимни боздид намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рафти корҳои сохтмонӣ, сифати иҷрои корҳои бунёдӣ, истифодаи самараноки маблағҳо ва риояи талаботи меъмориву шаҳрсозӣ дар як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва хизматрасонӣ шинос гардиданд.
Қайд гардид, ки дар партави сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Шаҳристон бунёду азнавсозии даҳҳо иншооти таъиноти гуногун идома дошта, қисми зиёди онҳо аллакай мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.
Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси ноҳия аз иншооти сохташаванда, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ, иншооти варзишӣ, марказҳои хизматрасонӣ, роҳҳо, пулҳо ва дигар объектҳои иҷтимоӣ боздид намуда, бо пудратчиён ва масъулони сохтмон суҳбат анҷом доданд.