Санаи 22 марти соли 2026, дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд ҷашни байналмилалии Наврӯз дар фазои идона ва руҳбахш бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил гардид.Дар чорабинии мазкур Раиси ноҳияи Шаҳристон Ғафурзода Рабим, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Ҳайдаралӣ Раҷабалӣ ва дигар меҳмонону шахсони масъул иштирок намуда, аз гӯшаҳои намоишии Наврӯзгоҳ боздид ба амал оварданд.Нахуст, меҳмонон дар даромадгоҳи варзишгоҳи марказии ноҳия аз намоиши дастовардҳои ҳунариву меҳнатӣ, хони ҳафтсину ҳафтшин, таомҳои миллӣ ва маҳсули ҳунарҳои мардумии касбу кори гуногун ва ташкилоту муассисаҳо дидан намуданд. Гӯшаҳои наврӯзӣ бо завқу салиқаи баланд ороста шуда, таҷассумгари анъанаҳои неку деринаи миллӣ буданд.Дар идомаи чорабинӣ сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Ҳайдаралӣ Раҷабалӣ сокинони ноҳияро ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуд. Таъкид гардид, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни аҷдодӣ ва мероси гаронбаҳои миллӣ рамзи эҳёи табиат, оғози зиндагии нав, дӯстиву ҳамдилӣ ва арҷгузорӣ ба суннатҳои ниёгон ба шумор меравад.Ба шарофати Истиқлоли давлатӣ Наврӯз ба марҳалаи нави таърихии худ ворид гашт, шукӯҳу шаҳомати тоза дарёфт ва чун як рукни муҳимми давлату миллат шинохтаю эътироф шуд. Гузашта аз ин, Наврӯзи тоҷикон бо қарори махсуси Созмони Милали Муттаҳид ба феҳристи арзишмандтарин мероси фарҳангии башарият ворид карда шуду мақоми ҷаҳонӣ пайдо намуд ва 21 март Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон гардид.Барои чунин мақому мартабаи баланду бесобиқа дарёфтани Наврӯз Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сари меҳру муҳаббати бепоён ба арзишҳои маънавии халқи азизи худ ҷидду ҷаҳд ва талошҳои зиёд ба харҷ доданд.Сипас, барномаи рангини фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони ноҳия оғоз гардида, бо сурудҳои дилнишин, рақсу таронаҳои миллӣ идома ёфт. Барномаи фарҳангӣ фазои ҷашнро боз ҳам гарму самимӣ гардонида, ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшид.Ҳамзамон, саҳнаҳои ҷолиби расму ойинҳои миллӣ, аз қабили суманакпазӣ, бозиҳои суннатӣ ва дигар анъанаҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шуда, таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба худ ҷалб намуданд. Иштироки фаъоли ҷавонону наврасон гувоҳи он буд, ки арзишҳои миллӣ ва фарҳанги ниёгон миёни насли нав идома меёбад.