Санаи 13 марти соли 2026 бо ташаббуси Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ҳамоиш баргузор гардид.Дар чорабинӣ роҳбарияти Хадамоти зиддиинҳисорӣ, намояндагони Вазорати маориф ва илм, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоъии аҳолӣ, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Агентии Тоҷикстандарт, Иттифоқи истеъмолкунандагон ва дигар мақомотҳои соҳавӣ иштирок доштанд.Ҳамоишро муовини сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ Солеҳзода Ширин Буҳор оғоз намуда, ҳозиринро барои иштирок хайрамақдам гуфт. Иброз гардид, ки ҳамасола 15 март ҳамчун рӯзи ҷоҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта мешавад.Дар ин замина қайд намуданд, ки бо назардошти талаботи қонунгузории амалкунанда ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон яке аз самтҳои асосии фаъолияти Хадамот баҳисоб рафта, вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии истеъмолкунандагон ва ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо аз ҷониби Хадамот пайваста чорабиниҳо гузаронида мешавад.Инчунин, аз ҷониби масъулини Хадамот дар муассисаҳои илмию тандурустӣ ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифти ҳуқуқии истеъмолкунандагон чорабиниҳои илмию маърифатӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад.Ҳамзамон, дар чорабинии мазкур намояндагони мақомотҳои болозикр аз натиҷаи корҳои анҷомдодаи худ дар самти ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ахборот пешниҳод намуданд.Дар баробари ин, дар ҳамоиш ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои поймол гардидани ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон пешниҳод ва тавсеяҳои судманд манзур карда шуд, ки дар оянда баҳри сифатнок татбиқ намудани қонунгузорӣ дар ин самт мусоидат хоҳад кард.