РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРӢ - 7 ИЮН, ҲАМЧУН ИДИ КАСБӢ
Мавриди зикр аст, ки тибқи талаботи банди 1-и Низомномаи Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017, №595 тасдиқ шудааст, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ буда, функсияҳои махсуси иҷроиявӣ, назоратӣ, иҷозатдиҳӣ ва функсияҳои дигари дар соҳаҳои байторӣ, фитосанитарӣ ва карантини растанӣ, тухмӣ ва зотпарварӣ муқарраргардидаро анҷом медиҳад. Яъне кормандони мақомоти бехаратии озуқаворӣ яке аз мақомоти сернуфуз (зиёда аз 2500 нафар) ба ҳисоб рафта, ҳамарӯза тавассути ба роҳ мондани корҳои назоратӣ дар самтҳои байторӣ, зотпарварӣ, фитосанитарӣ, карантини растанӣ ва тухмӣ, дар маҷмуъ бехатарии маҳсулоти озуқавориро таъмини намуда, барои солимии ҷомеа хизмати софдилонаю содиқона намуда истодаанд.Зарурати ворид намудани илова ба қонуни мазкур дар он аст, ки бо муқаррар намудани “Рӯзи кормандони мақомоти бехатарии озуқаворӣ - 7 июн”, ки ҳамзамон дар ин сана Рӯзи ҷаҳонии бехатарии озуқаворӣ ҷашн гирифта мешавад, бо ташкили чорабиниҳои гуногун аҳолиро аз истеъмоли ғизои бехатар огоҳ намуда, ба ин васила солимии аҳолӣ таъмин карда шуда, инчунин кормандони мақомот ҳавасманд гардида, ҷиҳати таъмини бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ барои аҳолӣ саҳмгузор мегарданд.Боиси қайд аст, ки дар моҳи декабри соли 2016, ҷаласаи 39-уми Комиссияи Кодекси Алиментариус якдилона пешниҳоди таъсиси Рӯзи ҷаҳонии бехатарии озуқаворӣ (World Food Safety Day) ҳамчун як ҷашни доимӣ дар доираи Созмони Милали Муттаҳидро тасдиқ кард.Ҳамзамон, Рӯзи ҷаҳонии бехатарии озуқаворӣ аз соли 2019 инҷониб ҳамасола 7 июн дар кишварҳои ҷаҳон таҷлил мешавад. Ҳадафи таҷлили ин рӯз на танҳо мубориза бо гуруснагӣ дар баъзе минтақаҳои ҷаҳон, инчунин таблиғи тарзи ҳаёти солим, ҷалби таваҷҷуҳ ба пешгирӣ, ошкор ва идора кардани хатарҳои марбут ба ғизо ва саҳмгузорӣ ба амнияти озуқаворӣ, саломатии инсон, некӯаҳволии иқтисодӣ, кишоварзӣ, дастрасии бозор, сайёҳӣ ва рушди устувор мебошад.Бо эътирофи бори гарони бемориҳои аз озуқаворӣ, ки ба одамони ҳама синну сол, бахусус кӯдакони то 5-сола ва одамоне, ки дар кишварҳои камдаромад зиндагӣ мекунанд, таъсир мерасонанд, дар соли 2018 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид эълон кард, ки 7 июн ҳар сол ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии бехатарии озуқаворӣ ҷашн гирифта мешавад. Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (FAO) Рӯзи ҷаҳонии бехатарии озуқавориро бо ҳамкорӣ бо кишварҳои узв ва дигар созмонҳои дахлдор таблиғ мекунанд.Чорабиниҳои Рӯзи ҷаҳонии бехатарии озуқаворӣ ҷиҳати даъват ба амал овардан аз ҷониби кишварҳо ва шахсони тасмимгиранда, бахши хусусӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муассисаҳои Созмони Милали Муттаҳид ба огоҳии глобалии бехатарии озуқаворӣ мусоидат менамояд.Таҷлили Рӯзи кормандони мақомоти бехатарии озуқаворӣ ва Рӯзи ҷаҳонии бехатарии озуқаворӣ дар як рӯз, яъне рӯзи 7 июн имконияти хубест ҷиҳати ҳавасманд гардонидан ва қадршиносии заҳмати кормандони ниҳоде, ки бехатарии озуқавории аҳолии ҷумҳуриро таъмин ва ҳифз менамоянд, арзёбӣ мегардад.Боварии комил дорем, ки кормандони мақомоти бехатарии озуқаворӣ аз ҳамасола ҷашн гирифтани 7 июн ҳамчун «Рӯзи кормандони мақомоти бехатарии озуқаворӣ» руҳбаланд шуда, барои сазовори боварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ гардидан, боз ҳам натиҷаҳои фаъолияти худро беҳтару самаранок намуда, ҷиҳати таъмини бехатарии аҳолии кишвар ба маҳсулоти озуқавории хушсифату барои ҳаёт безарар ва ба ин васила бо мақсади расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат – «Таъмини амнияти озуқаворӣ» саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Раҳмонализода Баҳодур сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва кадри Кумитаи бехатарии
озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.