Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар самти бехатарии озуқаворӣ, аз ҷумла анҷом додани корҳои сохтмонӣ ва муҷаҳҳазгардонии Маркази миллии ташхиси бехатарии озуқаворӣ, рақамикунонии соҳа, ҷорӣ намудани низоми байналмилалии электронии мубодилаи шаҳодатномаҳои фитосанитарӣ (E-Phyto), таъсиси низоми ҳамгирошудаи иттилоотии назорати фитосанитарӣ, баланд бардоштани иқтидори касбии мутахассисони Кумита ва сохторҳои зертобеи он, инчунин идомаи дастгирии молиявию техникии лоиҳаи амалкунанда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки татбиқи ташаббусҳои мазкур, аз ҷумла ба анҷом расонидани сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии Маркази миллии ташхиси бехатарии озуқаворӣ бо таҷҳизоти муосир, ба таҳкими заминаи моддию техникии соҳа, баланд бардоштани сифати ташхису таҳлилҳои лабораторӣ, такмили низоми назорати давлатӣ, соддагардонии расмиёти содироту воридот ва баланд бардоштани шаффофияту самаранокии фаъолияти мақомоти назоратӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои судманд, баррасии ташаббусҳои пешниҳодгардида ва муайян намудани самтҳои нави ҳамкорӣ бо мақсади таҳкими низоми бехатарии озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуданд.
Бахши робитаҳо бо ҷомеаи Кумитаи бехатарии озуқавории
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
(+992-37) 227-94-20
(+992-37) 227-95-02
(+992-37) 227-94-13
(+992-37) 221-54-25
(+992-37) 221-08-49
(+992-37) 227-97-23