3 октябри соли 2026 дар бинои Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 5 октябр таҷлил мегардад, ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказии Кумита ва сохторҳои зертобеи он иштирок намуданд.
Чорабинӣ бо сухани табрикии Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Файзуллозода Муҳаммадсаид Убайдулло оғоз гардид. Раиси Кумита ҳозиринро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ самимона табрик намуда, таъкид кард, ки забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ яке аз рукнҳои муҳими давлатдории миллӣ, сарвати бебаҳои маънавӣ ва омили муҳими таҳкими худшиносӣ ва худогоҳии ҷомеа мебошад.
Зикр гардид, ки дар доираи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба забони тоҷикӣ ҳамчун сарвати бебаҳои миллӣ, рамзи истиқлолу озодӣ, соҳибдавлативу соҳибфарҳангӣ ва омили муҳими ваҳдату сарҷамъии ҷомеа таваҷҷуҳ рӯз ба рӯз бештар мегардад. Дар ин замина, эҳтиром ба забони давлатӣ, риояи меъёрҳои забони адабӣ ва истифодаи дурусти он дар фаъолияти ҳаррӯзаи мақомоти давлатӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими ҳар як корманд мебошад.
Сипас, муовини Раиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ Абдурозиқзода Лутфулло Давлат дар бораи аҳамияти Рӯзи забони давлатӣ ва ҷойгоҳи забони тоҷикӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар суханронӣ намуд.
Зикр гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми забони давлатӣ боз ҳам таҳким ёфта, барои рушди минбаъдаи он ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти забон тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешаванд. Таъкид шуд, ки ҳифз ва гиромидошти забони тоҷикӣ, риояи меъёрҳои забони адабӣ ва баланд бардоштани фарҳанги забондонӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди худогоҳ ва корманди мақомоти давлатӣ мебошад.
Дар идомаи чорабинӣ доир ба таърихи ташаккул ва рушди забони тоҷикӣ, мақоми забони давлатӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ ва зарурати риояи меъёрҳои забони адабӣ андешаҳои судманд баён гардиданд.
Ҷамъомад дар фазои тантанавӣ ва бо эҳсоси баланди эҳтиром ба забони давлатӣ баргузор гардид.
Бахши робита бо ҷомеаи Кумитаи
бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
(+992-37) 227-94-20
(+992-37) 227-95-02
(+992-37) 227-94-13
(+992-37) 221-54-25
(+992-37) 221-08-49
(+992-37) 227-97-23