(+992-37) 227-94-20
(+992-37) 227-95-02
(+992-37) 227-94-13
(+992-37) 221-54-25
(+992-37) 221-08-49
(+992-37) 227-97-23
Дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Италия мулоқоти Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Файзуллозода Муҳаммадсаид Убайдулло бо роҳбарияти Институти байтории Италия доир гардид.
Дар мулоқот Раиси Кумита ба роҳбарияти Институт барои дастгирӣ ва ҳамкориҳои судманд дар самти такмили низоми идоракунии сифат, рушди иқтидори лабораторӣ ва баланд бардоштани малакаи мутахассисони соҳаи байторӣ изҳори сипос намуданд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои идомаи ҳамкориҳои техникӣ, табодули таҷриба ва омӯзиши мутахассисони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лабораторияҳои Институт мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Таъкид гардид, ки ташкили чунин омӯзишҳо барои таҳкими иқтидори ташхисии лабораторияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи талаботи байналмилалӣ аҳамияти муҳим дорад.
Роҳбарияти Институт низ барои ҳамкории мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби мутахассисони тоҷик ба чорабиниҳои омӯзишӣ изҳори сипос намуда, омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳо таъкид намуданд.
Ҷонибҳо масъалаи Аккредитатсияи байналмилалии лабораторияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла мутобиқ намудани низоми идоракунии сифат, ҳуҷҷатгузорӣ, баланд бардоштани салоҳияти кормандон ва гузаронидани санҷишҳои лабораториро муҳокима намуданд. Таъкид гардид, ки раванди аккредитатсия кори мураккаб ва хароҷотталаб буда, барои расидан ба натиҷаи ниҳоӣ ҳамкории пайваста ва дастгирии техникии шарикони байналмилалӣ зарур мебошад.
Дар рафти мулоқот пешниҳод гардид, ки дар доираи ҳамкориҳои минбаъда семинарҳоии омӯзишӣ барои мутахассисони тоҷик ба мақсад мувофиқ мебошад. Ҷонибҳо зарурати ҳарчи зудтар оғоз намудани марҳилаи якуми омӯзишро бо дарназардошти масъалаҳои вобаста ба омодасозии ҳуҷҷатҳои сафар ва гирифтани раводид таъкид намуданд.
Ҳамчунин, масъалаи гузаронидани санҷишҳои муштараки лабораторӣ ва омода намудани намунаи пилотии санҷиш ҳамчун қадами амалӣ барои арзёбии имкониятҳои лабораторияи Тоҷикистон ва омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалӣ баррасӣ гардид.
Раиси Кумита таъкид намуданд, ки ҷониби Тоҷикистон омода аст дар ҳамкорӣ бо Институт корҳои заруриро ба таври пайваста ба роҳ монда, барои ба анҷом расонидани марҳилаҳои асосии омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии лаборатория то моҳи августи соли оянда чораҳои заруриро амалӣ намояд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими ҳамкориҳои илмӣ-техникӣ, идомаи омӯзиши мутахассисон, табодули таҷриба ва дастгирии раванди аккредитатсияи байналмилалии лабораторияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуданд.