Онлайн чат
Дар ин бахш шумо метавонед бо хабарҳои охирин, мақолаҳои муҳим, эълонҳои расмӣ, инчунин маълумот оид ба форумҳо, вохӯриҳо, чорабиниҳо ва дигар фаъолиятҳои мақомоти давлатӣ шинос шавед.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасоли 16 ноябр ҷашн гирифта шуда, аз як рӯйдоди таърихӣ сарчашма мегирад; 16 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Роҳбари давлат (Раиси Шурои Олӣ) интихоб гардидаанд. Баъдан ин сана расман бо қарори парлумони кишвар аз 15 апрели соли 2016 ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шуд.
Санаи 9 ноябр
Бо мақсади таъмини иҷрои банди 27 нақшаи чорабиниҳои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Боиси хурсандӣ аст, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 октябри соли 2026, № 2317 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» илова ворид карда шуда, минбаъд ҳамасола тибқи талаботи сархати чилу якуми моддаи 2-и Қонуни мазкур 7 июн ҳамчун «Рӯзи кормандони мақомоти бехатарии озуқаворӣ» ҷашн гирифта мешавад, ки ин иқдом бо таваҷҷуҳи хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти бехатарии озуқаворӣ ва қадрдонӣ аз заҳмати кормандони ин ниҳод роҳандозӣ гардидааст.
Дар таърихи давлату миллатҳои ҷаҳон рӯйдодҳое ба вуқӯъ мепайванданд, ки сарнавишт ва роҳи минбаъдаи онҳоро муайян мекунанд. Чунин рӯйдоди муҳим дар таърихи давлатдории навини тоҷикон қабули нахустин Конститутсия Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Санаи 4 ноябри соли 2026 Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Файзуллозода Муҳаммадсаид Убайдулло бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ, аз ҷумла иқтисодчии калон оид ба масъалаҳои кишоварзӣ ва роҳбари гурӯҳи татбиқи лоиҳаи Бонки Ҷаҳонӣ ҷаноби Ҳазем Иброҳим Ханбал мулоқот намуд.
Имрӯз, 3 ноябри соли 2026 дар толори дастгоҳи марказии Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона бахшида ба 32–юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва зерсохторҳои он баргузор гардид.
Бо қабули ин санади сарнавиштсоз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба ҳайси давлати соҳибистиқлол эътироф гардид. Конститутсияи Тоҷикистон, ки ба шарофати маърифати баланди ҳуқуқии мардуми тоҷик ҳамчун санади тақдирсози таърихӣ қабул шуд, Истиқлоли давлатии тоҷиконро аз лиҳози ҳуқуқӣ расмӣ гардонид ва Тоҷикистонро ба оламиён ҳамчун давлати соҳибихтиёру ҳуқуқбунёд, демокративу дунявӣ ва пешбарандаи сиёсати сулҳҷӯёна муаррифӣ намуд.