Ҷаласаро Раиси Кумита Файзуллозода Муҳаммадсаид Убайдулло ифтитоҳ намуда, кормандони Кумита ва дар симои онҳо тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро ба ин ҷашни фархунда табрику муборакбод гуфта, қайд карданд, ки қабули Конститутсия дар роҳи бунёд, тараққиёт ва муаррифии давлати навини тоҷикон нақши калидӣ ва тақдирсоз дошта, яке аз дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ мебошад.Аз ин рӯ 32-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи санаҳои тақдирсози халқу миллат ва кишвар – Рӯзи Истиқлоли давлатӣ ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ барҳақ дорои мавқеи хосаи ҳам сиёсӣ ва ҳам иҷтимоию маънавӣ мебошад.
Мояи ифтихор аст, ки таҳлилгарони сатҳи ҷаҳонӣ Конститутсияи моро аз ҷумлаи демократитарин ва инсонпарвардатарин конститутсияҳо арзёбӣ намуданд ва имрӯз ҳам ин ақида тағйир наёфтааст.
Ҳамзамон Раҳимзода Ризо Абдураҳим бо суханронии пурмуҳтаво дар мавзуи “Заминаҳо, давраҳо ва аҳаммияти таърихии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба ҳозирин маълумоти муфассал пешниҳод карданд. Мавсуф маърузаи худро бо тафсири якчанд боб ва моддаҳои Конститутсия ҳусни анҷом бахшиданд.
Бахшида ба 32 – юмин солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Лавҳа-намоиш пешниҳоди ҳозирин гардида, дар охир чорабинӣ бо садо додани суруди миллӣ ба анҷом расид.
(+992-37) 227-94-20
(+992-37) 227-95-02
(+992-37) 227-94-13
(+992-37) 221-54-25
(+992-37) 221-08-49
(+992-37) 227-97-23