Омили асосие, ки ба қабули Конститутсия замина гузошт, Эъломияи соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991 мебошад. Конститутсия аввалин шуда, асосҳои сохтори сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистонро пурра дар шакли нав муқаррар кард ва дурнамои рушди ҷомеаи навини Тоҷикистонро муайян намуд. Конститутсия дар худ арзишҳои демократии сохтори конститутсионӣ — соҳибихтиёрӣ, давлати ҳуқуқбунёд, ҳокимияти халқӣ, волоияти қонун, эътирофи шахсият ва арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои он, таҷзияи ҳокимият ба се шохаи мустақил, гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ, ташаккули худидоракунии маҳаллӣ, фаъолияти озоди иқтисодӣ ва ҳимояи баробарии ҳамаи шаклҳои моликият, тақвияти назорати судӣ, институти президентиро инъикос намуд.
Конститутсия дар давраи мураккабу ноором қабул гардид.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъд аз Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, ба давраи мураккабу ноороми ҷамъиятиву сиёсии мамлакат рост омад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди Раиси Шурои Олии Тоҷикистон интихоб шудан, новобаста аз вазъи сиёсиву иқтисодии ҷумҳурӣ ба мураттабсозии лоиҳаи он ба ҳайси Раиси комиссияи конститутсионӣ машғул гардиданд. Комиссия дар зарфи ду соли мураттабсозии лоиҳаи Конститутсия фикру андешаҳои гуногунро омӯхта, лоиҳаро ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод намуд. Дар байни аъзои комиссия оид ба идоракунии президентӣ ва парлумонӣ баҳсҳо ба амал меомад ва ниҳоят шакли идоракунии президентӣ дар Тоҷикистон пазируфта шуд.Конститутсия сохти нави давлатдории миллии тоҷиконро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муайян намуда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро арзиши олӣ эътироф карда, ба гузаронидани ислоҳоти ҳуқуқӣ-конститутсионӣ ва қабули қонунҳои миллӣ дар Тоҷикистон замина гузошт.Дар давоми сиву ду сол халқи куҳанбунёди Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ таҳти роҳбарии Президенти мамлакатамон муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон зиндагонии худро тибқи меъёрҳо ва талаботи Конститутсия пеш бурда, ба воситаи ин санади воқеан воло ба бисёр комиёбиҳои беназир ноил гаштаем. Конститутсияи кишвари азизамон бо мақсади осудаҳолии шаҳрвандони мамлакат қабул гардида, дар он озодии инсон чун арзиши олӣ ифода ёфтааст. Итминони комил дорем, ки Тоҷикистони мо бо сиёсати хирадмандона ва барномаҳои созандаи Сарвари давлатамон муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бо қадамҳои устувор пеш рафта истодааст ва Ватани азизамон боз ҳам ободу шукуфон мегардад. Хулоса, миллати сарбаланди тоҷик аз Конститутсияи одилонаи худ эҳтирому итоат ба қонунро омӯхт ва дарк намуд, ки бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёде, ки мавриди таваҷҷуҳи аҳли башар қарор гирифта аст, маҳз бо роҳи итоату риояи қонун, ҳурмату эҳтиром доштан ба шаҳрвандони мамлакати худ ва дӯст доштани аҳли башар муяссар мегардад. Меъёрҳои Конститутсия ҳамчун қутбнамо моро ба сӯи ояндаи нек раҳнамун месозанд.Меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қутбнамо моро ба сӯи ояндаи нек раҳнамун сохта, водор менамоянд, ки бо риояи арзишҳои демократӣ ва ҳуқуқӣ ҷомеаи муосирамонро дар шароити пуртазоди ҷаҳонишавӣ ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоем.
Мутахассиси бахши иттилоот ва робита бо ҷомеа
Раҳимова Дилбар.
(+992-37) 227-94-20
(+992-37) 227-95-02
(+992-37) 227-94-13
(+992-37) 221-54-25
(+992-37) 221-08-49
(+992-37) 227-97-23