Ёдовар бояд шуд, ки бо қабули Конститутсия дар инкишофи давлатдории Тоҷикистон марҳалаи нави таърихӣ оғоз гардида ва он моро ба дигаргуниҳои азими сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва созандагиву бунёдкорӣ роҳнамоӣ кард. Рӯзи Конститутсия тантанаи иқболу истиқлол ва сарфарозию бахту саодати мардуми Тоҷикистон ба шумор рафта ин иди муқаддас дар радифи санаҳои фархундаи Рӯзи Истиқлоли давлатӣ, Рӯзи забони давлатӣ, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами давлатӣ ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ барои мардуми сарбаланди Тоҷикистон басе азизу муқаддас аст.Зеро маҳз Истиқлолу озодӣ, Ваҳдати миллӣ, Забони давлатӣ, Парчам ва Конститутсия ҳамчун рукни ҳастӣ ва шаҳсутунҳои кохи бунёди Тоҷикистони азизу навин ба мардуми мамлакат хатти саодату башоратро нишон доданд. Бинобар ин, мардуми Тоҷикистон ба Конститутсия ҳамчун ба рукни муқаддаси миллӣ, санади сарнавиштсоз ва шаҳкитоби бахту саодат муносибат намуда, сиву ду сол инҷониб дар партави татбиқи меъёрҳои он баҳри таъмини ҳаёти хушбахтонаи оилавӣ ва фардои дурахшони сарзамини аҷдодӣ саъю талош менамоянд.Дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон бо сиёсати хориҷии сулҳҷӯёнаи худ ба ҳайси шарики боэътимоду хайрхоҳ дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати шоиста пайдо намуда, ба ҳайси яке аз кишварҳои ташаббускор дар ҳалли як қатор мушкилоти глобалӣ, бахусус, масоили мубрами амният, обу энергетика, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим эътироф гардидааст.Меъёрҳои инсондӯстонаи Конститутсияи навин, сиёсати пешгирифтаи сулҳҷӯёна ба ташаббусҳои созандаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ асос гардид, ки халқу давлати тоҷик ҳамчун мардуми сулҳпарвар дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта шавад. Таҳкурсии асосии ҳар як конститутсияро андешаи миллӣ ва майлу иродаи мардум оид ба сохти давлатдорӣ ва моҳияти ҳокимият ташкил медиҳад, ки ин ҳама аз истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлат сарчашма мегирад.Дар ҳошияи ин гуфтаҳо, ҳамаи Шумо ва шаҳрвандони Ватани азизамонро ба муносибати 32-юмин солгарди қабули Конститутсияи Тоҷикистони азизамон, ки сароғози давлату давлатдории навини мо ва бахтномаи миллат ба шумор меравад, табрику таҳният намуда, осоиштагӣ, осмони софу беғубор ва ба Ватани маҳбубамон сулҳу ободии ҷовидонаро таманно дорам.
(+992-37) 227-94-20
(+992-37) 227-95-02
(+992-37) 227-94-13
(+992-37) 221-54-25
(+992-37) 221-08-49
(+992-37) 227-97-23