Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо
Санаи 24 ноябри соли 2026 таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо иштироки муовинони Вазир, сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва кормандони вазорат чорабинии идона ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Зимни баромади худ Вазири рушди иқтисод ва савдо таъкид намуд, ки Парчами давлатӣ яке аз муқаддастарин рамзҳои давлатдории миллӣ ва ифодагари ормонҳои ҳазорсолаи миллат буда, бо сиёсати хирадмандона ва талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он ба яке аз рамзҳои барҷастаи ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва муаррифгари Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ табдил ёфтааст.