Ҷаласаи 22-юми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба иҷрои муқаррароти протоколҳои ҷаласаҳои қаблӣ, фаъолияти гурӯҳи корӣ оид ба татбиқи муқаррароти «Созишномаи қолабӣ оид ба содагардонии расмиёти савдои бекоғази наздисарҳадӣ дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором», масъалаҳои мубрами соҳаи нақлиёт ва логистика, инчунин таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кооперативҳо»» мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.
Нуриддинзода А. Н. таъкид намуд, ки дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти содагардонии расмиёти савдо корҳои назаррас амалӣ карда шуда, вазорату идораҳои дахлдор дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ ва шарикони рушд дар доираи КҲСРС мунтазам тадбирҳои амалӣ меандешанд.
Қайд гардид, ки дар натиҷаи татбиқи пайвастаи дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии кишвар ва ҳадафҳои стратегии давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қатори се кишвари пешсафи ислоҳотгар дар самти содагардонии расмиёти савдо шомил гардида, мавқеи худро дар таҳкими муҳити мусоиди тиҷоратӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ боз ҳам устувортар намуд.
Ҳамзамон, дар рафти ҷаласа миёни намояндагони мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ табодули афкор ва муколамаи созанда сурат гирифт, ки масъалаҳои матраҳшуда ба татбиқи санадҳои стратегии давлатӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодии кишвар мусоидат менамоянд.
Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул карда шуда, ҷиҳати иҷро ва корбарии минбаъда ба вазорату идораҳои марбута ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол мегарданд.