Дар ҷаласа раванди иҷрои се ҳуҷҷати банақшагирии стратегӣ, Нақшаи миёнамуҳлати амал барои солҳои 2024-2026 Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи давлатии рушди соҳибкории занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027 ва Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 баррасӣ шуданд.
Оид ба рафти татбиқи ҳуҷҷатҳои қайдгардида аз ҷониби муовини Вазири маориф ва илм Музаффарзода Бадриддин Сангалӣ, муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Юсуфзода Фаррух Юсуф ва муовини Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ Муродзода Давлатмурод рӯнамо пешниҳод гардид.
Дар доираи баррасии ҳуҷҷатҳои қайдгардида вобаста ба сари вақт иҷро намудани бандҳои нақшаи чорабиниҳои дахлдор, дарёфти сарчашмаҳои маблағгузорӣ, сифати иҷрои корҳо, мониторингу арзёбии доимии онҳо ва дигар самтҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.