Кормандони муҳтарам ва гиромиқадри соҳаи тандурустӣ!
Дар арафаи таҷлили ҷашни бузургу фархундаи миллӣ — 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо эҳтиром ва самимияти беандоза Шумо — табибон, ҳамшираҳои шафқат, кормандони миёна ва хурди тиббӣ ва тамоми кормандони соҳаи тандурустии кишварро ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб самимона табрик ва муборакбод менамоям.
Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик заминаи устувори рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла тандурустиро фароҳам овард. Имрӯз ҳифзи саломатии аҳолӣ ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат таҳти таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Боиси ифтихор аст, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаи тандурустии кишвар ба марҳилаи нави рушд ворид гардидааст. Бунёду азнавсозии муассисаҳои тиббӣ, бо таҷҳизоти муосир таъмин намудани онҳо, беҳтар намудани заминаи моддию техникӣ, омодасозии мутахассисони баландихтисос, баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ва фароҳам овардани шароити муносиб барои ҳифзи саломатии шаҳрвандон аз ҷумлаи тадбирҳои муҳиме мебошанд, ки дар ин самт амалӣ гардида истодаанд.
Таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат ба соҳаи тандурустӣ собит месозад, ки саломатии миллат ва ҳифзи ҳаёти инсон дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат қарор дорад. Ин сиёсати дурбинона ба рушди муассисаҳои тиббӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла ноҳияи Лахш, мусоидат намуда, барои дастрасии бештари аҳолӣ ба хизматрасониҳои тиббии босифат заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Лахш низ бо эҳсоси баланди масъулияти касбӣ, садоқат ба савганди табибӣ ва меҳнати фидокорона дар роҳи ҳифзи саломатии аҳолӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд. Меҳнати пуршарафи Шумо, ки бо инсонпарварӣ, масъулиятшиносӣ ва ғамхорӣ ба мардум пайванди ногусастанӣ дорад, сазовори эҳтирому қадршиносии самимӣ мебошад.
Имрӯз, ки мардуми шарифи Тоҷикистон бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мегиранд, хизматҳои софдилонаи кормандони соҳаи тиб дар таҳкими солимии ҷомеа ва ободии Ватани маҳбубамон арзиши хос доранд.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб, ба ҳамаи Шумо — кормандони соҳаи тандурустӣ — тансиҳатии комил, умри дароз, неруи тоза, саодати рӯзгор, файзу баракат ва дар фаъолияти пурмасъулияту пуршарафатон муваффақиятҳои пайваста орзу менамоям.
Бигзор Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти роҳбарии Пешвои миллат боз ҳам ободу пешрафта гардад, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ пойдор бошад ва мардуми кишвар ҳамеша солиму сарбаланду хушбахт зиндагӣ намоянд.
Рӯзи кормандони соҳаи тиб ва 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!