Боиси хушнудӣ ва сарафрозист, ки имрӯз сокинони кишвари азизамон дар остонаи истиқболи ҷашни 29-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки ҳамчун муҳимтарин санаи таърихии миллат дар саҳифаҳои давлатдории мо бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст, қарор доранд.
Бо камоли эҳтиром ва самимияти бепоён кулли мардуми Тоҷикистони азизамонро ба муносибати ҷашни 29-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, табрику муборакбод намуда, пеш аз ҳама тансиҳативу сарбаландӣ, хонаи обод ва ба Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу Ваҳдати ҷовидона орзу менамоям.
Ваҳдати миллӣ муҳимтарин дастоварди бузург ва муқаддаси миллати мо дар даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон ба ҳисоб рафта, нақши бузургеро дар сарҷамъии миллат ва пойдории давлат гузоштааст.
Дар ҳақиқат, Ваҳдати миллӣ аст, ки сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ, пешрафту тараққиёт, ободии давлату миллат ва зиндагии шоистаи мардум таъмин мебошад.
Расидан ба Ваҳдати миллӣ ва ризоияту якдилӣ дар баробари Истиқлолияти давлатӣ, яке аз беҳтарин дастовардҳои бузург маҳсуб ёфта, яке бе дигаре вуҷуд дошта наметавонад ва якдигарро комил сохта, роҳи миллатро барои рушду тараққиёт ҳамвор месозанд.
Таърих гувоҳ аст, ки маҳз бо кӯшишу заҳматҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешонгашта, сарҷамъ гардида, мамлакати азизамон обод гардид ва барои бунёди рӯзгори ободу осудаи ҷомеа, заминаи воқеӣ гузошт.
Бояд мо ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозем, ки ҷанги таҳмилие, ки қабл аз имзои созишномаи сулҳ ҷараён дошт, ҳазорон шаҳрвандро қурбон, модаронро гирён, фарзандонро бепадар ва қисми дигарро бесарпаноҳ кард.
Сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ба мардуми Тоҷикистон дар натиҷаи саъю талоши шабонарӯзии фарзанди ғамхор, огоҳу бедордили миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамзамон бар ивази ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони содиқу ватандӯст, муяссар гардидааст.
Аз ин лиҳоз, мардуми мо, бахусус наврасону ҷавонон бояд ҳамеша дар ёд дошта бошанд, ки ваҳдати миллии тоҷикон ба осонӣ ба даст наомадааст.
Ҳар яки мо бояд як нуқтаи бисёр муҳимро доим дар хотир дошта бошем, ки шарти муҳимтарини хушбахтии инсон – зиндагӣ дар Ватани орому осуда ва ободу зебо мебошад.
Агар дар мамлакат сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, сарҷамъии миллат ва ваҳдати миллӣ ҳукмфармо бошад, тамоми нияту ҳадафҳои нек ва нақшаву барномаҳо иҷро мегарданд ва ҳамаи масъалаву мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ марҳила ба марҳила бартараф карда мешаванд.
Ваҳдат дар сурате пойдору абадӣ мемонад, ки ҳар як шаҳрванди кишвар манфиати милливу давлатиро аз ҳама манфиатҳои дигар боло гузорад, барои иттиҳоду ягонагии ҷомеа талош намояд, ба қадри сарзамини аҷдодии хеш расад ва онро чун модари худ азизу муқаддас шуморад.
Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!