Вохӯрии прокурори ноҳияи Лахш бо аҳли соҳибкорон
Санаи 14 майи соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш мулоқоти Прокурори ноҳия, мушовири адлияи дараҷаи якум Раҳмонзода Муртазо Абос ва муовини аввали раиси ноҳия Амонализода Ҷаҳонбек бо соҳибкорони маҳаллӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ёдоварӣ шуд, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани мораторий ба санҷишҳо, имкони беҳтарин барои тақвияти фаъолияти соҳибкорӣ мебошад. Ин иқдом бояд боиси афзоиши истеҳсолот ва хизматрасонии босифат гардад.
Дар меҳвари мубоҳисаҳои ин нишаст масъалаҳои муҳими фаъолияти иқтисодӣ, ҳалли мушкилоти мавҷуда ва татбиқи пешниҳодҳои нав ҷиҳати рушди соҳибкории хурду миёна дар минтақа қарор доштанд.
Прокурори ноҳия зимни суханронии худ ба баъзе камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ ишора намуда, таъкид дошт, ки барои бартараф кардани монеаҳо ва рушди устувор бояд фаъолияти мунтазам ва қонунмеҳвар ба роҳ монда шавад.
Дар ин замина, ба масъулини ошхонаҳо ва нуқтаҳои фурӯши ғизои тезтайёр дастур дода шуд, ки ба қоидаҳои беҳдоштӣ (санитарӣ) ва сифати маҳсулот диққати ҷиддӣ диҳанд. Инчунин, мағозаҳо ва дорухонаҳои ноҳия вазифадор шуданд, ки:
Реҷаи муайяни кориро қатъиян риоя намоянд;
Аз фурӯши маҳсулоти пастсифат ва муҳлати истифодаашон гузашта худдорӣ кунанд;
Аз болоравии нархи беасоси маҳсулоти ниёзи аввал дар арафаи иду ҷашнҳо худдорӣ намоянд;
Хизматрасониро дар сатҳи баланди фарҳангӣ ба роҳ монданд;
Дар фарҷоми мулоқот даъват ба амал оварда шуд, ки ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибкорон дар корҳои созандагию ободонӣ саҳми фаъол гузоранд. Махсусан, таъкид гардид, ки намуди зоҳирии биноҳои тиҷоратӣ ва маҳалҳои атрофи онҳо бояд ба тартиб дароварда шуда, ба симои ноҳия ҳусни тоза зам намоянд.
Вохӯрӣ дар фазои ҳусни тафоҳум ва созанда ба поён расид.