Санаи 7 майи соли ҷорӣ дар қисми ҳарбии 02011 «А» Қушунҳи зудамали Қуввҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Лахш маросими тантанавии савгандёдкунии наваскарон баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини раиси ноҳия Шоҳимардон Шербекзода ва ҳуқуқшиноси дастгоҳи раиси ноҳия Кароматулло Саъдуллоев иштирок намуданд.
Зимни суханронӣ, Шербекзода Шоҳимардон наваскаронро аз номи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия табрик гуфта, таъкид дошт, ки ҳифзи марзу буми кишвар ва иҷрои хизмати содиқона дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҳар як ҷавонмарди бонангу номус вазифаи муқаддас ва боиси ифтихор аст.
Наваскарон дар фазои тантанавӣ барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва содиқ мондан ба савганди ҳарбӣ қасам ёд карданд.