Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар Боғи фарҳангу фароғатии маркази ноҳияи Лахш чорабинии бошукӯҳи тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин рӯзи идона муовини раиси ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, маорифчиён, меҳмонон ва заҳматкашони соҳа, инчунин садҳо нафар наврасону ҷавонон ҷамъ омаданд.
Чорабиниро мудири кӯдакистони марказии ноҳия "Бойчечак" оғоз бахшида, ҳозирин ва кулли кӯдакону наврасонро бо ин санаи муборак ва хотирмон самимона шодбош намуд.
Дар қисмати расмии ҷамъомад муовини раиси ноҳияи Лахш, Абдулазиззода Насиба бахшида ба ин рӯз суханронӣ кард. Мавсуф табрикоти самимии роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияро ба самъи иштирокчиён расонида, чунин таъкид дошт:
"Давлату ҳукумати мамлакат таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша баҳри таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои кӯдакон, беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ва зиндагии онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Имрӯз фурсатест, ки наврасони мо аз ин имкониятҳо истифода бурда, ба омӯзиши илмҳои дақиқу замонавӣ, технологияҳои нави иттилоотӣ ва эҷодкорӣ бештар машғул шаванд."
Аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия хизматҳои арзандаи кормандони соҳаи маориф ва тарбияи томактабӣ қадрдонӣ карда шуд. Ба як қатор мураббиёни фаъоли кӯдакистонҳои ноҳия, ки дар камол ва тарбияи насли наврас саҳми босазо мегузоранд, Ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.
Ҷашнвора бо барномаи рангини фарҳангии кӯдакону наврасон ҳусни анҷом ёфт. Наврасони ҳунарманд бо қироати шеърҳои дилпазир ва иҷрои суруду рақсҳои ҷолиб дар васфи Ватан, Модар ва сулҳу дӯстӣ табъи ҳамаи ҳозиринро шод гардонида, ба чорабинӣ файзи дигар бахшиданд.
Ҳамзамон, бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, бо ташаббуси бевоситаи раиси ноҳияи Лахш муҳтарам Холзода Каромиддин Камолиддин, дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба ятимон туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Зимни мулоқоти самимӣ, раиси ноҳия кӯдаконро бо идашон таҳният гуфта, таъкид намуд, ки давлату ҳукумати мамлакат пайваста ғамхори онҳост ва ҳеҷ гоҳ танҳояшон намегузорад. Мавсуф аз наврасон даъват ба амал овард, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо бо хониши хубу аъло хонда, дар оянда ба халқу Ватани худ содиқона хизмат намоянд.
Дар навбати худ, кӯдакони иззатёфта ба роҳбарияти ноҳия барои чунин таваҷҷуҳ ва дастгирии ҳамешагӣ миннатдории бепоёни худро баён доштанд.