Санаи 8-уми май дар ноҳияи Лахш ба муносибати Рӯзи Ғалаба бар фашизм чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид. Дар ин маросими тантанавӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони ҷангу меҳнат, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва насли ҷавон — хонандагону донишҷӯён иштирок намуданд.
Чорабинӣ бо роҳпаймоии идонаи сокинон оғоз ёфт. Роҳбарияти ноҳия, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, хонандагону донишҷӯён бо парчамҳои рангоранг ва шиорҳои ватандӯстона дар фазои хос ҳаракат намуда, дар назди муҷассамаи қаҳрамонон ба нишони эҳтирому қадрдонӣ гулчанбарҳо гузоштанд.
Қисмати расмии ҷашнвора дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия идома ёфт. Муовини раиси ноҳия Шербекзода Шоҳимардон чорабиниро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба ин санаи таърихӣ табрик гуфт.
Раиси ноҳияи Лахш, муҳтарам Холзода Каромиддин Камолиддин, зимни суханронии худ таъкид дошт:
«Ҷасорату фидокории иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки муқобили фашизм ҷони худро нисор намудаанд, ҳеҷ гоҳ аз хотирҳо зудуда намешавад. Корнамоии онҳо барои насли имрӯзаи мо мактаби бузурги матонат ва сармашқи ватандӯстист».
Инчунин, раиси Шурои собиқадорони ноҳия Нусратулло Нийматов суханронӣ намуда, иброз дошт, ки сулҳу осоиштагии имрӯзаи ҷаҳон маҳсули ҷоннисориҳои ҳамин қаҳрамонон аст.
Дар вазъияти тантанавӣ ба як қатор собиқадорони меҳнат Ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия супорида шуд.
Яке аз лаҳзаҳои хотирмони чорабинӣ рӯнамоии китоби «Хотираи онҳо абадист!» буд. Ин асар, ки бо ташаббуси роҳбарияти ноҳия ба муносибати 80-солагии Рӯзи Ғалаба ба нашр расидааст, ба роҳбарони мақомоти қудратӣ ва собиқадорон тақдим карда шуд.
Анҷоми чорабиниро намоиши театрикунонидашудаи аҳли фарҳанги ноҳия зиннат бахшид. Барномаи рангини ҳунарӣ, ки фарогири саҳнаҳои ватандӯстона ва сурудҳои даврони ҷанг буд, хотири иштирокчиёнро шод гардонида, рӯҳияи идона бахшид.