Имрӯз ҳамаи мову Шумо дар арафаи ҷашни 81-солагии Рӯзи Ғалаба бар фашизм, қарор дорем.
Рӯзи Ғалаба бар фашизм дар радифи санаҳои фаромӯшнашавандаи таърихӣ, мақоми махсуси худро дорад.
Ҳамин аст, ки ҳамасола мардуми сулҳдӯстӣ сайёра, аз ҷумла мо - сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол, даҳшати ин ҷанги хонумонсӯзро ёдоварӣ намуда, 9-майро ҳамчун санаи таҷлили корномаи мардони далеру шуҷоъ, ба муқобили фашизми гитлерӣ, ҷашн мегирем.
Лозим ва ёдоварист, ки дар таъмини ин ғалабаи таърихӣ ҷавонмардони бонангу номуси Тоҷикистон низ, саҳми арзишманд гузоштаанд.
Дар он солҳо, беш аз 300 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвари мо, дар набардҳои шадиди ҷанг, шуҷоату мардонагӣ нишон дода, дар майдони муҳориба зиёда аз 92 ҳазор нафари онҳо ҳалок ва беш аз 60 ҳазор нафар маҷруҳ шудаанд, ки номи нек ва корномаи онҳо дар саҳифаҳои таърихи халқамон, абадан сабт гардидааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғози даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азизамон, ба масъалаи ғамхорӣ дар ҳаққи маъюбон ва оилаҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ эътибори аввалиндараҷа зоҳир намуда, ин иқдомро, то ба имрӯз идома дода истодааст.
Аз ин лиҳоз, корнамоиву диловарии фарзандони ба ору номуси Тоҷикистон барои наслҳои имрӯза, намунаи олии садоқат ва хизмат ба Ватан мебошад.
Мо ифтихор дорем, ки ҷавононамон нисбат ба Ватан меҳру муҳаббати самимӣ доранд, Ватанро сидқан дӯст медоранд, ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ арҷ мегузоранд, дар баробари ин, худ ва ҳамсолонашонро аз таъсири мафкураи радикаливу ифротӣ ва хурофотпарастӣ эмин нигоҳ медоранд.
Мо бояд наслҳои имрӯзаро дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳисси баланди миллӣ, сулҳпарварию башардӯстӣ, ободкориву созандагӣ тарбия намоему ба камол расонем.
Бо таманнои ҳамин орзую ниятҳои нек, бори дигар ҳамаи собиқадорон ва тамоми халқи Тоҷикистони азизамонро ба ифтихори 81-солагии Рӯзи Ғалаба бар фашизм, табрику муборакбод гуфта, ба ҳар як сокини кишвар, пеш аз ҳама тансиҳативу сарбаландӣ ва хонаободӣ орзу менамоям.