Имрӯз дар фазои якдилона ва созандаи ноҳияи Лахш вохӯрии кормандони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии ноҳия баргузор гардид. Ин чорабинӣ, ки тибқи Нақшаи кории Прокуратураи генералӣ роҳандозӣ шуд, ба баррасии самтҳои асосии сиёсати давлат ва таъмини амнияти миллӣ бахшида шуд.
Шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ва муаррифии «Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» мебошад.
Дар вохӯрӣ масъулини соҳа бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад намуданд:
Раҷабзода Ҷаҳон Назар, мушовири адлияи дараҷаи 2, доир ба аҳамияти Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳнамои рушди ватан суханронӣ намуда, даъват ба амал овард, ки барои иҷрои саривақтии дастурҳои Роҳбари давлат бояд тамоми мардум дар якҷоягӣ бо фаъолон саъю талош кунанд.
Ғаюрзода Меҳрубон Шукрулло, Прокурори маркази ягонаи иттилоотӣ, ҷанбаҳои амалии «Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм барои солҳои 2026-2030»-ро ба таври муфассал шарҳ дода, роҳҳои пешгирии киберҷиноятҳоро мавриди баррасӣ қарор дод.
Прокурори ноҳияи Лахш, Раҳмонзода Муртазо Аббос, зимни суханронии худ аз гароиши баъзе ҷавонони ноогоҳ ба созмонҳои террористӣ изҳори таассуф намуда, таъкид кард, ки мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб заҳмати дастҷамъонаро талаб мекунад.
Раиси ноҳияи Лахш, муҳтарам Холзода Каромиддин Камолиддин, аз ташаббуси Прокуратураи генералӣ миннатдорӣ намуда, зикр кард, ки сокинон аз ин мулоқот таассуроти зарурӣ бардошта, мазмуни ҳуҷҷатҳои стратегиро амиқ дарк намуданд.
Дар ин росто, мудири шуъбаи ташкилии дастгоҳи раиси ноҳия Икромӣ Хуршед низ оид ба самтҳои созандаи Паём андешаронӣ кард.
Сархатиби масҷиди марказии ноҳия, Шарипов Маҳмадризо шомилшавии ҷавононро ба гурӯҳҳои экстремистӣ амали нораво ва мухолифи дини мубини ислом номид.