Бо мақсади ободу зебо гардонидани симои шаҳраки Ваҳдат имрӯз дар маркази ноҳияи Лахш шанбегии умуминоҳиявӣ бо иштироки роҳбарону кормандони тамоми ташкилоту муассисаҳо баргузор гардид. Ин иқдоми созандагиву ободонӣ бо супориши раиси ноҳияи Лахш,…
Бо мақсади ободу зебо гардонидани симои шаҳраки Ваҳдат имрӯз дар маркази ноҳияи Лахш шанбегии умуминоҳиявӣ бо иштироки роҳбарону кормандони тамоми ташкилоту муассисаҳо баргузор гардид.
Ин иқдоми созандагиву ободонӣ бо супориши раиси ноҳияи Лахш, муҳтарам Холзода Каромиддин Камолиддин, роҳандозӣ гардида, ҳадафи асосии он тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, беҳдошти инфрасохтори маҳаллӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ барои сокинон мебошад.
Дар рафти баргузории шанбегӣ иштирокчиён ба тоза намудани гирду атрофи роҳҳои марказӣ, сафед кардани танаи дарахтон, поксозии ҷӯйборҳо ва ҷамъоварии партовҳо машғул шуданд. Дарахтону ниҳолони ороишию сояафкани шафати роҳҳо ба тартиб дароварда шуда, ба ҳусни ноҳия зебоии хоса зам намуданд. Ҳамзамон, ҷӯйҳое, ки дар ду тарафи роҳҳо ҷойгир мебошанд, аз партову лой тоза карда шуда, ҷараёни об таъмин гардид.
Бояд зикр намуд, ки чунин тадбирҳои ободонӣ танҳо ба маркази ноҳия маҳдуд набуда, дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия низ бо маром идома доранд. Сокинони шарафманди ноҳия бо эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ ва муҳаббат ба диёр дар ин корҳои хайр саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Иштироки фаъолонаи кормандони ташкилоту муассисаҳо ва сокинони маҳаллӣ нишон медиҳад, ки фарҳанги ободонӣ ва тозагии муҳити зист рӯз аз рӯз дар ҷомеа густариш ёфта, ҳар як шаҳрванд худро масъул медонад.
Чунин иқдомҳои нек на танҳо ба беҳдошти намуди зоҳирии маҳал мусоидат мекунанд, балки рӯҳияи ҳамбастагӣ, меҳнатдӯстӣ ва ватандӯстиро низ дар байни мардум таҳким мебахшанд. Бешубҳа, бо ҳамин гуна талошҳои дастаҷамъона ноҳияи Лахш боз ҳам ободу сарсабз гардида, ба макони зебову дилнишин табдил меёбад.