Санаи 12 апрели соли ҷорӣ дар фазои идона ва шукӯҳи хоссаи наврӯзӣ, варзишгоҳи марказии ноҳияи Лахш шоҳиди яке аз мусобиқаҳои ҷолиб ва пурҳаяҷони гуштингирӣ гардид. Ин чорабинӣ, ки ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз созмон дода шуд, ҳазорон…
Санаи 12 апрели соли ҷорӣ дар фазои идона ва шукӯҳи хоссаи наврӯзӣ, варзишгоҳи марказии ноҳияи Лахш шоҳиди яке аз мусобиқаҳои ҷолиб ва пурҳаяҷони гуштингирӣ гардид. Ин чорабинӣ, ки ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз созмон дода шуд, ҳазорон нафар мухлисони ин намуди варзиши миллиро ба ҳам овард.
Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа раиси ноҳияи Лахш, муҳтарам Холзода Каромиддин Камолиддин ширкат варзида, ҳозиринро бо фарорасии баҳори оламфрӯз табрик намуд. Роҳбари ноҳия зимни суханронии худ таъкид дошт, ки мақсад аз баргузории чунин мусобиқаҳо, пеш аз ҳама, эҳёи анъанаҳои ниёгон, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва таҳкими ваҳдату дӯстӣ миёни ҷавонони минтақаҳои мухталифи кишвар мебошад.
Дар ин набарди мардона варзишгарон на танҳо аз ноҳияи Лахш ва водии Рашт, балки аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ ҷамъ омаданд. Майдони гуштин саҳнаи намоиши зӯрозмоии паҳлавонони соҳибтаҷриба ва ҷавонони боистеъдод гардид. Аз ҳунарнамоии варзишгарон аён буд, ки онҳо ба ин мусобиқа омодагии ҷиддӣ дидаанд. Ҳар як ҳаракати устодона, партофтҳои ҷолиб ва талош барои пирӯзӣ бо кафкӯбиҳои пурмавҷи тамошобинон пазироӣ мешуд.
Мусобиқа дар рӯҳияи рақобати солим ва эҳтироми ҳамдигар ҷараён гирифт. Дар фарҷом, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш ба ғолибони вазнҳои гуногун ва беҳтарин паҳлавонони мусобиқа шоҳҷоизаҳо, аз ҷумла туҳфаҳои арзишманд тақдим фнъгардид.
Ин иди варзиш бори дигар собит намуд, ки гуштини миллӣ дар қалби сокинони ноҳияи Лахш ҷойгоҳи махсус дорад ва Наврӯзи имсоларо бо хотираҳои фаромӯшнашаванда ва рӯҳияи баланди варзишӣ рангинтар сохт.