Сокинони заҳматкаши ноҳияи Лахш санаи 11 апрели соли ҷорӣ, ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо ифтихор аз суннатҳои ниёгон ва бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ истиқбол гирифтанд. Ин ҷашни бостонӣ, ки рамзи эҳёи табиат ва оғози кишту кор мебошад, дар фазои…
Сокинони заҳматкаши ноҳияи Лахш санаи 11 апрели соли ҷорӣ, ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо ифтихор аз суннатҳои ниёгон ва бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ истиқбол гирифтанд. Ин ҷашни бостонӣ, ки рамзи эҳёи табиат ва оғози кишту кор мебошад, дар фазои орому осоиштаи ноҳия бо иштироки намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ муҳтарам Идрисзода Илёс Мумин, раиси ноҳияи Лахш муҳтарам Холзода Каромиддин Камолиддин, роҳбарони мақомоти қудратӣ, фаъолон, сокинон ва собиқадорон таҷлил шуд.
Чорабиниҳои идона аз роҳпаймоии ботантана дар кӯчаи марказии ноҳия оғоз ёфтанд. Дар ин намоиши идона кормандони ташкилоту муассисаҳо ва сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо нишону рамзҳои наврӯзӣ ва парчамҳои рангоранг ширкат варзиданд. Ҳар як соҳа дастовардҳои худро ба маърази тамошо гузошта, фазои идонаро боз ҳам шукӯҳмандтар гардонид.
Дар варзишгоҳи марказии ноҳия намоиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуд. Ҳунармандони маҳаллӣ маҳсули дастони худро, аз ҷумла либосҳои миллӣ, зарфҳои кулолӣ ва таомҳои наврӯзӣ ба намоиш гузоштанд, ки мавриди таҳсини ҳозирин ва меҳмонон қарор гирифт.
Қисмати расмии чорабиниро муовини раиси ноҳия Абдулазиззода Насиба ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо фарорасии баҳори оламафрӯз табрик гуфт.
Сипас, раиси ноҳияи Лахш муҳтарам Холзода Каромиддин Камолиддин ба минбар баромада, қайд карданд, ки Наврӯз барои мардуми мо иди файзу баракат ва ваҳдату ҳамдилӣ мебошад. Таъкид гардид, ки сокинони ноҳия бо шукрона аз ободии кишвар барои боз ҳам зеботар намудани диёри худ заҳмат мекашанд.
Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идрисзода Илёс Мумин низ дар баромади худ сокинони ноҳияро аз номи Ҳукумати ҷумҳурӣ табрик гуфта, иброз дошт, ки дар айёми Наврӯз тоза кардани қалбҳо аз кина ва рӯ овардан ба созандагӣ яке аз фазилатҳои неки ниёгони мост.
Дар охир, аҳли фарҳанги ноҳия барномаи ҷолиби театрикунонидашударо пешкаши тамошобинон намуданд. Суруду рақсҳои миллӣ ва саҳнаҳои тарбиявӣ ба чорабинӣ файзи махсус бахшида, хотири иштирокчиёнро шод гардониданд.