Санаи 3 апрели соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Лахш (даъвати ҳафтум) бо иштироки доираи васеи намояндагони мақомоти давлатӣ ва фаъолони ҷомеа…
Санаи 3 апрели соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Лахш (даъвати ҳафтум) бо иштироки доираи васеи намояндагони мақомоти давлатӣ ва фаъолони ҷомеа баргузор гардид.
Дар кори иҷлосия раиси ноҳияи Лахш муҳтарам Холзода Каромиддин Камолиддин, прокурори ноҳия — мушовири адлияи дараҷаи якум муҳтарам Раҳмонзода Муртазо Аббос, муовини якум ва муовинони раиси ноҳия, кормандони дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, хоҷагиҳо, раисони маҳаллаҳо ва ходимони дин иштирок доштанд.
Иҷлосия дар фазои корӣ ва созанда баргузор гардида, дар он масъалаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва соҳавии ноҳия мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.
Аз рӯйи масъалаи якуми рӯзномаи иҷлосия — «Дар бораи рафти амалисозии Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» раиси Кумитаи идораи замини ноҳия Сайдаминзода Суҳбат бо маърӯзаи муфассал баромад намуд. Мавсуф дар баромади худ ба масъалаҳои истифодаи самараноки замин, риояи қонунгузории соҳавӣ, пешгирии қонуншиканиҳо ва беҳтар намудани ҳолати идоракунии захираҳои замин таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Ҳамчунин, вакил аз ҳавзаи интихоботии №26 — Сафеддара, Пирназаров Абдувалӣ доир ба масъала андешаронӣ карда, пешниҳодҳои мушаххас ироа намуд.
Масъалаи дуюми иҷлосия ба таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният, риояи тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ бахшида шуд. Дар ин замина, прокурори ноҳияи Лахш муҳтарам Раҳмонзода Муртазо Аббос оид ба натиҷаҳои фаъолияти мақомоти прокуратура дар семоҳаи якуми соли 2026 ҳисоботи муфассал пешниҳод намуд. Қайд гардид, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда як қатор қонуншиканиҳо ошкор ва пешгирӣ гардида, барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ низ корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд.
Аз рӯйи масъалаи сеюми иҷлосия — «Дар бораи тасдиқи дурнамои сохтори кишти зироатҳои кишоварзӣ барои соли 2026» мудири шуъбаи кишоварзии ноҳия Воҳидов Маҳмадзариф суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки рушди соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба шумор рафта, истифодаи самараноки замин ва зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз вазифаҳои асосӣ мебошад.
Дар баррасии масъалаи чоруми рӯзнома масъалаҳои марбут ба энергетика, аз ҷумла паст намудани талафоти нерӯи барқ ва беҳтар намудани ҳолати шабакаҳои барқӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Зикр гардид, ки дар самти беҳтарсозии таъминоти барқ ва истифодаи сарфакоронаи он тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Ҳамзамон, таъкид шуд, ки ҳангоми тоза намудани хатҳои ҳавоии барқ аз шоху навдаҳои дарахтон кормандони соҳа дар маҳалҳо ба баъзе мушкилиҳо рӯ ба рӯ мегарданд, ки ҳалли саривақтии онҳо ҳамкории зичро тақозо менамояд.