Дар доираи тадбирҳои ободонии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш корҳои ободониву созандагӣ ва тоза намудани муҳити зист бо маром ҷараён доранд. Бо ҳамин мақсад, санаи 4 апрели соли равон дар Ҷамоати деҳоти Пилдон, деҳаи…
Дар доираи тадбирҳои ободонии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш корҳои ободониву созандагӣ ва тоза намудани муҳити зист бо маром ҷараён доранд.
Бо ҳамин мақсад, санаи 4 апрели соли равон дар Ҷамоати деҳоти Пилдон, деҳаи Дӯстобод, аксияи тозагии маҳал бо иштироки фаъолон ва сокинони ҷамоат баргузор гардид. Партовҳои талу теппаҳо бо заҳмати сокинон тоза гардида, ба ҷойгоҳи нигоҳдории партовҳо интиқол дода шуданд.
Ҳамзамон, чунин иқдом дар Ҷамоати шаҳраки Ваҳдат, маҳаллаи Ширинчашма низ баргузор гардида, сокинони маҳал сарҷамъона партовҳои лаби ҷӯй ва шафати роҳҳои заминҳои кишоварзии ҳудуди маҳалро ҷамъоварӣ намуда, ба ҷойгоҳи нигоҳдории партовҳо интиқол доданд.
Тибқи иттилои мудири бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия Эраҷ Камолов, аксияи тозагӣ дар ҳудуди ноҳия идома дошта, минбаъд низ дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия роҳандозӣ мегардад.