Санаи 1 апрели соли ҷорӣ маросими бошукӯҳи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти ноҳия, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандону роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, собиқадорон ва сокинон баргузор…
Санаи 1 апрели соли ҷорӣ маросими бошукӯҳи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти ноҳия, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандону роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, собиқадорон ва сокинон баргузор гардид, ки чун анъана дар рӯзи аввали даъвати баҳорӣ нақшаи ноҳия пурра таъмин карда шуд.
Чорабинӣ дар фазои идона ва бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ҷараён гирифта, бо иштироки густурдаи ҷомеа шаҳодати эҳтиром ва арҷгузорӣ ба хизмати ҳарбӣ ва ҳимояи Ватанро бозгӯ намуд.
Муовини раиси ноҳия Абдулазиззода Насиба Ҳоким чорабиниро ифтитоҳ бахшида, зимни суханронии худ таъкид дошт, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҳар як ҷавони бонангу номуси кишвар мояи ифтихор буда, иҷрои ин рисолати муқаддас нишони садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди худшиносӣ мебошад. Ӯ зикр кард, ки ҳимояи марзу буми кишвар вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст.
Сипас, раиси ноҳияи Лахш муҳтарам Холзода Каромиддин Камолиддин суханронӣ намуда, ба ҷавонони даъватшаванда роҳи сафед таманно намуда, иброз доштанд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мактаби мардонагӣ, шуҷоат ва ватандӯстист. Зикр гардид, ки ҷавонон бояд бо ҳисси баланди масъулият ва садоқат қарзи шаҳрвандии худро сарбаландона адо намоянд. Раиси ноҳия ҳамчунин таъкид намуданд, ки ҳифзи Ватан ва арзишҳои миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди худогоҳу хештаншинос мебошад.
Дар идомаи чорабинӣ раиси Шӯрои собиқадорони ноҳия Нийматов Нисратулло, сархатиби масҷиди марказии ноҳия Шарипов Маҳмаризо, инчунин падару модарони наваскарон ва худи ҷавонони даъватшаванда баромад намуда, ба ҳозирин андешаҳои худро оид ба аҳамияти хизмати ҳарбӣ баён доштанд. Баромадкунандагон ҷавононро ба ватандӯстӣ, ҳимояи марзу буми кишвар ва садоқат ба савганди ҳарбӣ даъват карданд.
Модарони наваскарон бо эҳсоси баланди ифтихор фарзандони худро ба хизмати Ватан гусел намуда, ба онҳо дуои нек ва роҳи сафед орзу карданд. Ин лаҳзаҳои таъсирбахш нишонаи муҳаббати беандоза ба Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ буданд.
Ҳамзамон, ҳамчун анъанаи нек маросими "Нонгазон" баргузор шуда, модарон фарзандони худро бо самимият гусел карданд.
Дар доираи чорабинӣ ба наваскарон аз ҷониби роҳбарияти ноҳия шаҳодатномаҳои ронандагӣ тақдим намуда, аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.
Барномаи фарҳангии омоданамудаи бахши фарҳанги ноҳия ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшида, бо суруду таронаҳои ватандӯстона ва рақсҳои ҷолиб хотири иштирокчиёнро болида гардонд. Дар фазои шодиву нишот наваскарон бо рӯҳияи баланд ба хизмати ҳарбӣ гусел карда шуданд.
Маросими гусели наваскарон дар ноҳияи Лахш боз як далели равшани эҳтироми ҷомеа ба Артиши миллӣ ва омодагии ҷавонон барои ҳимояи Ватан маҳсуб ёфта, ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллиро дар миёни насли ҷавон таҳким мебахшад.