Дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз, бо мақсади ободу зебо гардонидани муҳити зист ва боз ҳам ободтар намудани симои ноҳияи Лахш, бо супориши раиси ноҳия, муҳтарам Холзода Каромиддин Камолиддин, як қатор тадбирҳои ободониву созандагӣ амалӣ гардида…
Дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз, бо мақсади ободу зебо гардонидани муҳити зист ва боз ҳам ободтар намудани симои ноҳияи Лахш, бо супориши раиси ноҳия, муҳтарам Холзода Каромиддин Камолиддин, як қатор тадбирҳои ободониву созандагӣ амалӣ гардида истодаанд.
Аз ҷумла, имрӯз — 27 марти соли ҷорӣ — бо иштироки фаъолонаи кормандон ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия дар назди бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ҳашари дастаҷамъӣ баргузор гардид. Дар ҷараёни он корҳои омодагӣ ҷиҳати шинонидани ниҳолони ороишию сояафкан ва гулҳои мавсимӣ анҷом дода шуданд.
Ҳамзамон, хоки замини назди бино бардошта шуда, ба ҷойи он хоки ҳосилхезу мувофиқ барои нашъунамои дарахтон ва гулҳо оварда ва ҳамвор карда шуд.
Мутобиқи нақша, дар рӯзҳои наздик шинонидани ниҳолони ороишию сояафкан ва гулҳои гуногуни мавсимӣ ба роҳ монда мешавад.