23 феврали соли 2026 бо иштироки раиси ноҳияи Лахш муҳтарам Холзода Каромиддин Камолиддин, муовинони раиси ноҳия, роҳбарони мақомотҳои қудратӣ, афсарону зарбозон ва роҳбарони ташкилоту муасиссаҳои ноҳия, бахшида ба 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ ташкил ва баргузор карда шуд.
Зимни суханрониашон раиси ноҳияи Лахш муҳтарам Холзода К.К., зикр намуданд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рукни муҳими давлатдорӣ дар ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, таъмини амнияти миллӣ ва суботи сиёсии кишвар нақши калидӣ доранд.
Инчунин, якқатор кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорон ва афсарону сарбозон бо медали сарисинагӣ ва Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш қадрдонӣ карда шуд.
Чорабинӣ дар фазои тантанавӣ, эҳсоси баланди ватандорӣ ва ифтихор аз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расида, қисмати имтиҳои чорабинии мазкурро ҳунармандони бахши фаҳанги ноҳия зиннати иловагӣ зам намуданд.