Бо мақсади шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Маҷлиси Олӣ ва баррасии самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ, мулоқоту вохӯриҳои роҳбарияти ноҳияи Лахш бо сокинон мунтазам баргузор мегарданд. Имрӯз, санаи…
Бо мақсади шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Маҷлиси Олӣ ва баррасии самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ, мулоқоту вохӯриҳои роҳбарияти ноҳияи Лахш бо сокинон мунтазам баргузор мегарданд.
Имрӯз, санаи 17 феврал чунин вохӯрӣ бо сокинони ҷамоатҳои деҳоти Сурхоб ва Наврӯз доир гардид. Дар он намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, фаъолон ва аҳолии маҳаллӣ иштирок намуданд.
Зимни суханронии худ раиси ноҳия муҳтарам Холзода Каромиддин Камолиддин масъалаҳои муҳими рушди иҷтимоию иқтисодӣ, дастгирии соҳибкорӣ, истифодаи самараноки замин, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳо дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ мавриди таҳлил қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, ба масъалаҳои таҳкими қонуният ва тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ, мубориза бо ифротгароӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию шаҳрвандӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Дар ин замина, риояи талаботи қонунгузорӣ вобаста ба фарҳанги либоспӯшӣ, аз ҷумла масъалаҳои ришу сатрпӯшӣ ва истифодаи либоси миллӣ, дар доираи меъёрҳои амалкунанда баррасӣ гардид.
Илова бар ин, вобаста ба пешгирии хурофотпарастӣ, аз ҷумла истифодаи тумор ва таштов, корҳои фаҳмондадиҳӣ муҳим арзёбӣ шуд. Қайд гардид, ки шаҳрвандон бояд аз пайравӣ ба боварҳои беасос худдорӣ намуда, ба илму маърифат ва ҷаҳонбинии солим такя намоянд. Баланд бардоштани маърифати динӣ ва ҳуқуқӣ, махсусан миёни ҷавонон, омили муҳими таъмини суботу амният ва рушди устувори ҷомеа дониста шуд.
Дар анҷоми мулоқот сокинон андешаву пешниҳодҳои худро иброз дошта, баргузории чунин вохӯриҳоро барои таҳкими ҳамкории давлат ва ҷомеа ва ҳалли мушкилоти мавҷуда муҳим арзёбӣ намуданд.