Имрӯз, 12 феврали соли ҷорӣ, дар Ҷамоати деҳоти Пилдон вохӯрии раиси ноҳияи Лахш муҳтарам Холзода Каромиддин Камолиддин бо сокинон дар фазои самимият ва руҳбаландӣ баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории ҳамоиш расонидани муҳтавои Паёми Президенти…
Имрӯз, 12 феврали соли ҷорӣ, дар Ҷамоати деҳоти Пилдон вохӯрии раиси ноҳияи Лахш муҳтарам Холзода Каромиддин Камолиддин бо сокинон дар фазои самимият ва руҳбаландӣ баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории ҳамоиш расонидани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва шарҳи нуктаҳои муҳими он буд.
Раиси ноҳия зимни суханронӣ таъкид намуд, ки татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат аз ҳар як сокини ноҳия масъулияти баланд ва саҳмгузории фаъолро тақозо менамояд. Ӯ зикр кард, ки роҳбарияти ноҳия ҳамеша омода аст муроҷиату дархостҳои шаҳрвандонро шунавад ва дар доираи имкониятҳо барои ҳалли масъалаҳои онҳо мусоидат намояд.
Дар баробари ин, масъалаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон махсусан муҳим арзёбӣ гардид. Қайд шуд, ки хизмати ҳарбӣ мактаби ҷасорату мардонагӣ ва нишонаи садоқат ба Ватан буда, ҳар як ҷавон бояд бо ҳисси баланди масъулият ба ин рисолати шаҳрвандии худ муносибат намояд. Таъкид гардид, ки дастгирии ҷавонон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои адои хизмати ҳарбӣ аз вазифаҳои муҳими ҷомеа ба шумор меравад.
Ҳамзамон, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба фаъолияти худ ва тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати таъмини амнияту тартиботи ҷамъиятӣ суханронӣ намуда, изҳор доштанд, ки барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ҳамеша омодаи ҳамкорӣ ва кумак мебошанд.
Сокинони ҷамоат вохӯриро бо қаноатмандӣ пазируфта, омодагии худро барои саҳмгузорӣ дар амалӣ гардидани ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат изҳор доштанд.
Инчунин вохӯриҳо дар дигар ҷамоатҳои ноҳия низ баргузор мегарданд.