Боиси ифтихор аст, ки имрӯз сокинони сарбаланди кишвари азизамон дар арафаи истиқболи ҷашни Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 33-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳар сол 16 ноябр таҷлил мегардад, қарор доранд.
Бо камоли эҳтиром ва самимияти бепоён кулли мардуми Тоҷикистони азизамонро ба муносибати ҷашни Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 33-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, бароятон пеш аз ҳама тансиҳативу сарбаландӣ, хонаи обод ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.
Ба ин рӯз, рост омадани чунин ҷашни муборак басо рамзӣ буда, маҳз дар ҳамин рӯзи таърихӣ, яъне 16 ноябри соли 1994 Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан, Савганд ёд карданд.
Аз ҳамон лаҳзаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тибқи муқаррароти Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлоламон, ки аз тарафи мардум қабул карда шуд, шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шакли идоракунии президентӣ табдил дода шуд.
Дар он марҳилаи ҳассоси таърихӣ, ки ватанамон, пеш аз ҳама ба сулҳу субот ва ваҳдату сарҷамъӣ ниёз дошт, барои пурзӯр намудани ҳокимияти иҷроия, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти он, қабули фаврии қарорҳои идоракунӣ, такмили механизми иҷрои қонунҳо, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ ҷорӣ намудани низоми идоракунии президентӣ, ниҳоят шарт ва зарур буд.
Воқеан, интихоби низоми президентӣ ин интихоби оқилона буда, маҳсули сабақҳои таърихӣ ва натиҷагириҳо аз самараи фаъолияти давлатдории гузашта ва имрӯзаи мо ба ҳисоб меравад.
Ба туфайли ташаббусҳои сарнавиштсози Пешвои муаззами миллат барои ташаккули низоми давлатдории тоҷикон ва рушди босуботи он, шароити муносиб фароҳам омад ва дар ин замина, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвари азизамон, ҳамчун ҳадафи стратегии давлат ва Ҳукумат қарор гирифт.
Имрӯз, ҳар як фарди одии кишварамон ҳамаи он заҳматҳо, ғамхориву дастгириҳои Сарвари давлат, Пешвои муаззами худро хеле хуб дарк ва қадр мекунанд ва аз он ифтихор доранд, ки мардуми сарбаланди кишвар, Сарвару раҳнамои худро доранд ва ӯро барҳақ Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, пазируфтаанд.
Зеро, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми ҳаёти худро баҳри рушду шукуфоии Ватани азизамон, бахшидаанд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини давлатдории худ ба иҷрои мақсадҳои инсондустонаашон – баргардонидани ҳамаи гурезагони иҷборӣ аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон, оғоз намуданд.
Ва ҳамаи гурезаҳои мо, ки аз оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ тарки Ватан намуда буданд, бо як дилпурӣ ва боварӣ ба Пешво ва Сарвари давлати худ, ба Ватани худ баргаштанд.
Воқеият ин аст, ки ин абармарди таърихи навини миллат ва давлат ба ҷаҳониён собит намуд, ки тоҷикон ҳамчун миллати куҳанбунёд метавонанд ватансозӣ намоянд ва аз рушду пойдории он пуштибонӣ намоянд.
Маҳз бо шарофати ин руйдоди таърихӣ ба мардуми тоҷик муйясар гардид, ки бо интихоби Сарвари нави сиёсии хеш, дар симои фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавҷудияти Тоҷикистонро таъмин намояд.
Маҳз аз лаҳзаи интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи Сарвари давлат, халқи мо воқеан ҳам бо мустақилона муайян кардани ояндаи худ ба роҳи соҳибистиқлолӣ, қадам ниҳод.
Мардум дар симои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Пешвоеро диданду мебинанд, ки мушкилкушову ватанхоҳ, башардусту раъиятпарвар буда, қадами муборакашон ба ҳар минтақае, ки гузошта мешавад, он ҷо ободу шукуфон мешавад.
Ҳар як ташрифу мулоқотҳои навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва сокинони ноҳияи Лахш, боиси руҳбаландӣ ва самимияти сокинони ноҳия гардида, дастуру ҳидоятҳояшон бобати рушд додани соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ноҳия амалӣ гардидаистодаанд.
Бо таҷлили ин санаи фархунда мо ба тамоми ҷаҳониён ҷонибдории худро ба қавли Сарвари давлат, аз раванди сиёсати Ваҳдати миллӣ, пойдории сулҳу субот, марҳилаи пайгиронаи созандагӣ собит ва ифода менамоем.
Бигузор Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша поянда, Ваҳдати миллии мо комил ва зиндагонии ҳамватанонамон, доимо тинҷу осоишта бошад.
Бо таманнои ҳамин орзую ниятҳои нек ҳамаи Шумо ҳамдиёрони азизро бори дигар ба муносибати ҷашни Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 33-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод намуда, пеш аз ҳама ба хонадони ҳар яки Шумо тансиҳативу сарбаландӣ, хонаободӣ ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу ваҳдати ҷовидона, орзу менамоям.