Рӯзи 7 марти соли ҷорӣ, ба ифтихори «Рӯзи Модар», дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия маҷлиси тантанавӣ ва барномаи фарҳангӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ бонувон ва модарон, фаъолзанон, кормандони сохторҳои гуногуни ноҳиявӣ ва намояндагони қишрҳои мухталифи ҷомеа иштирок намуданд. Дар чорабинӣ Раиси ноҳияи Лахш, муҳтарам Холзода Каромиддин Камолиддин суханронӣ намуда, таъкид карданд, ки занон ҳамеша иқдомҳои созандаро дастгирӣ намуда, дар амалӣ намудани корҳои ободонӣ ва пешрафти ноҳия нақши калони худро доранд. Дар ин раванд, барои модарон ва занон саломатӣ, хушбахтӣ, саодат ва оромии оилавӣ таманно карда шуд. Бо ҳамин мақсад, бахшида ба Рӯзи Модар як қатор бонувони ноҳия бо Сипосномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдонӣ карда шуданд. Сипас, барои болидарӯҳии модарон, бонувон ва иштирокчиёни чорабинӣ, кормандони бахши фарҳанги ноҳия барномаи фарҳангӣ муаррифӣ намуданд.