(+992-37) 227-94-20
(+992-37) 227-95-02
(+992-37) 227-94-13
(+992-37) 221-54-25
(+992-37) 221-08-49
(+992-37) 227-97-23
Дар шароити рушди босуръати ҷаҳони муосир масъалаи мубориза бо коррупсия аз муҳимтарин самтҳои сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 январи соли 2007 бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дар амал ҷорӣ намудани сиёсати давлатии кишвар дар самти мубориза бо коррупсия таъсис дода шуда, дар низоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ соҳиби нуфуз ва эътибори хосса гардид. Бояд гуфт, ки дар раванди сиёсии ҷаҳони имрӯза коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ барои инсоният мушкилоти гаронеро ба бор овардааст.
Зуҳур кардани он дар дилхоҳ шакл боиси заиф шудани пояҳои давлатдорӣ, рушди иқтисодиёт ва некуаҳволии мардум, амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, суботу оромии ҳар як кишвар монеа эъҷод намуда, хавфи аз ҳама калон нобоварии аҳолиро ба мақомотҳои давлатӣ ба бор меоварад, аз ин рӯ, муқовимат алайҳи ин зуҳурот на танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ, балки рисолати шаҳрвандии ҳар як сокини мамлакат дониста мешавад. Корупсия барои рушди иқтисодиёт ва некуаҳволии мардум, амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, суботу оромии ҳар як кишвар монеа эъҷод намуда, хавфи аз ҳама калон нобоварии аҳолиро ба мақомотҳои давлатӣ ба бор меоварад.
Бояд қайд намуд, ки тибқи талаботи моддаҳои 10 ва 11-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун субъекти дар муқовимат ба коррупсия иштироккунанда ба ҳисоб рафта, дар доираи ваколати худ мунтазам тарғибу ташвиқи зиддикоррупсиониро гузаронида, барои бартараф намудани сабабу шароитҳо ва хавфҳои коррупсионӣ чораҷӯи менамояд.
Бо ин мақсад ҳамасола дар Раёсати Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд нақша чорабиниҳои “Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла, барои давраи то соли 2030” марҳиллаи аввал барои солҳои 2021-2025, марҳиллаи дуюм (солҳои 2026-2030), ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2026, №1145 тасдиқ шудааст, таҳия ва тасдиқ гашта, давра ба давра пурра корбарӣ карда мешавад, ки дар ин самт бо фаъолияти масъулиятноки хизматӣ ҳиссаи худро гузошта истодааем.
Ҳамзамон, санаи 16 апрели соли 2026 дар доираи Нақша чорабиниҳо “Дар бораи ташкил ва баргузории машғулиятҳои идоравӣ барои кормандони Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Суғд дар соли 2026”, дар бинои Раёсати Кумита дар вилояти Суғд бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсию-ҳуқуқӣ кормандон, ҷаласаи илмию-омӯзишӣ бо ҳайати шахсии кормандони РКБО ва МТБО-ҳои шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Б.Ғафуров, Деваштич, Зафаробод, Истаравшан, Спитамен, Ҷ.Расулов ва Мастчоҳ гузаронида шуд. Дар ҷаласаи мазкур ҳуқуқшиноси РКБО дар вилояти Суғд Шарипов С.Н., баромад ва сӯханронӣ намуда, ба ҳозирин нуқтаҳои асосӣ ва ҳадафҳои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳу эъзоҳ дода шуд. Қайд гардид, ки дар шароити рушди босуръати ҷаҳони муосир масъалаи мубориза бо коррупсия аз муҳимтарин самтҳои сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, баҳри пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳо ва хавфҳои коррупсионӣ бояд дастаҷамъона чораҷӯи намоем. Муқовимат алайҳи ин зуҳурот на танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ, балки рисолати шаҳрвандии ҳар як сокини мамлакат дониста мешавад.
Ҳамзамон қайд намудан ба ҷоиз аст, ки яке аз омилҳои пешгирӣ намудани коррупсия ин барҳам додани робитаи шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ бо кормандон мебошад, ки баҳри бартараф намудани чунин ҳолатҳо, вусъат додани фаъолият дар самти пешгирӣ намудани омилҳои коррупсионӣ ва гузаштан ба шакли низоми пардохти электронӣ, дар Раёсати Кумита дар вилояти Суғд низоми электронии пардохти хизматрасониҳои давлатӣ равзанаи ягона ташкил карда шудааст, ки ба воситаи он соҳибкорон метавонанд ба таври электронӣ дархост барои гирифтани ҳуҷҷати дахлдор пешниҳод намуда, онро пас аз пардохти электронӣ ҳақи хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ дастрас намоянд.
Дар шабакаи интернети Facebook бошад, саҳифаи (сайти) Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Суғд интишор карда шудааст, ки ҷиҳати риоя намудани талаботи Қонунҳо, Кодексҳо, санадҳои меёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирӣ, ошкорсозӣ, рафъи ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, оқибатҳои даст задан ба ҳолатҳои коррупсионӣ, таъини ҷазо барои чунин кирдорҳои номатлуб, барномаҳои тарғибу ташвиқи зиддикоррупсионӣ, бартараф намудани сабабу шароитҳо ва хавфҳои коррупсионӣ, муборизаи дастаҷамъона бо ин зуҳуроти номатлуб ва дигар амалҳои коррупсионӣ, маводу барномаҳо омода намуда, пайваста дар сомонаи мазкур паҳн карда мешавад.
Инчунин, бо мақсади тақвият бахшидани муқовимат бо коррупсия ва пешгирӣ намудани он дар даромадгоҳи бинои Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Суғд нархномаи хизмати пулакии мақомоти бехатарии озуқаворӣ интишор карда шудааст, ки дар он маълумот оид ба ҳама намуди маблағи хизматрасониҳои давлатӣ нашр карда шуда, шиору овезаҳо оид ба даст назадан ба ҳолатҳои коррупсионӣ овезон карда шудааст. Баҳри иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, №586 “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” дар Амонатбонк барномаи ҳамёни электронии “Амонат мобайл” кушода шудааст, ки бо рамзи алоҳидаи махсус фаъол мебошад ва ҳама намуди хизматрасониҳои давлатӣ дар ин самт тариқи ғайринақдӣ сурат мегирад.
Тадбирҳои амаликунандаи роҳбари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ, ки барои аз байн бурдани зуҳуроти номатлуби ҷамъиятӣ вобаста ба ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ ҳамаи моро водор месозад, ки дар ин кори басо муҳими давлатӣ бетараф набошем ва дар ин самт бо фаъолияти масъулиятноки хизматӣ ҳиссаи худро гузорем.
Сармутахассис-ҳуқуқшиноси РКБО дар
вилояти Суғд Шарипов Субҳон Неъматович