Санаи 16 ноябри соли 1994 дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ин рӯз оғози марҳиллаи нави давлатдории соҳибихтиёр ва таҳкими институтҳои олии ҳокимияти давлатӣ дар кишвар маҳсуб меёбад. Он замон Тоҷикистон аз парокандагӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ азият мекашид ва роҳбарии Пешвои миллат нақши ҳалкунанда дошт. Бо қадамҳои қатъӣ ва ҳидоятҳои нек, халқи тоҷик аз парокандагӣ наҷот ёфт ва то охирин гурезаи тоҷик ба Ватан баргашт. Дар шароити солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, ки кишвар ба мушкилоти мураккаби сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардида буд, масъалаи барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини амнияти миллӣ ва фароҳам овардани заминаҳои рушди минбаъдаи давлат аҳамияти махсус пайдо намуд.
Вазъи мураккаби сиёсӣ зарурати пайдо намудани роҳҳои сулҳомези ҳалли низоъ ва муттаҳид сохтани нерӯҳои ҷомеаро ба миён овард. Имзои созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 27 июни соли 1997 рӯйдодҳои тақдирсоз дар таърихи навини давлатдории тоҷикон гардид. Маҳз сулҳу суббот ва ризоияти миллӣ барои барқарорсозии иқтисодиёт, фаъолияти мунтазами муассисаҳои давлатӣ, рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон арҷгузорӣ ба сарвари давлат ва таҷассуми эҳтиром ба заҳматҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди ҳамаҷонибаи мамлакат мебошад. Дар ин рӯз мо аз талошу ҷонбозиҳои Президенти кишвар дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди соҳаҳои ҳаётии ҷомеа ва баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ёдовар мешавем.
Президенти ҷумҳурӣ ҷаҳониёнро ба сулҳу ваҳдат даъват мекунанд. Ҳамин ваҳдат сабаби бузургтарин дастовардҳои халқи мо гардид. Тоҷикитон аз давлати ҷангзада ба давлати сулҳпарвар, аз мамлакати камбизоат ба ҷумҳурии бунёдкор, аз минтақаи фаромӯшшуда ба маркази дипломатияи ҷаҳон табдил ёфт. Имрӯз Тоҷикистонро ҷаҳониён бо сулҳ, бо об, бо табиати зебо, бо фарҳанг ва бо Президенташ мешиносанд.
Таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватани мо сиёсати хориҷии мустақил ва дипломатияи миллии худро ривоҷу равнақ медиҳад. Дар натиҷаи сиёсати хирадмандона ва созандаи Президенти ҷумҳурӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон бо 191 кишвари ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ барқарор карда, узви комилҳуқуқ ва фаъолӣ беш аз 57 созмонҳои бонуфузи байналмиллалӣ, минтақавӣ ва ниҳодҳои молявии ҷаҳонӣ гардид.
Бояд эътироф ва ифтихору шукргузорӣ намоем, ки тайи солҳои Истиқлоли давлатӣ маҳз ба шарофати заҳмату талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сатҳи зиндагии мардуми тоҷик ба таври бесобиқа боло рафта, Тоҷикистонро тамоми дунё шинохт ва то имрӯз чандин ташаббуси ҷаҳонии Пешвои миллат аз Ҷониби Созмони миллали Муттаҳид пазируфта шуданд.
Истиқлолияти давлатӣ арзиши олӣ ва дастоварди бузурги таърихии халқи тоҷик мебошад. Он барои миллати тоҷик имконият фароҳам овард, ки сарнавишти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии худро мустақилона муайян намояд. Истиқлолият на танҳо соҳибихтиёрии сиёсӣ, балки масъулияти бузургеро барои ҳифзи марзу буми кишвар, таъмини амнияти миллӣ, рушди иқтисодиёт ва таҳкими худшиносии миллӣ ба зиммаи давлат ва шаҳрвандон мегузорад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон соҳиби Конститутсия, рамзҳои давлатӣ, низоми мустақили идоракунӣ, сиёсати хориҷӣ ва сохторҳои асосии давлатдорӣ гардид. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 қабул гардидааст, заминаи ҳуқуқии ташаккули давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистонро муайян намуд.
Аз ин ҷиҳат, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масъалаҳои таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ робитаи зич дорад.
Бояд эътироф ва ифтихору шукргузорӣ намоем, ки тайи солҳои Истиқлоли давлатӣ маҳз ба шарофати заҳмату талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сатҳи зиндагии мардуми тоҷик ба таври бесобиқа боло рафта, Тоҷикистонро тамоми дунё шинохт ва то имрӯз чандин ташаббуси ҷаҳонии Пешвои миллат аз Ҷониби Созмони миллали Муттаҳид пазируфта шуданд.
Дар маҷмӯъ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарии давлати Тоҷикистонро то ба имрӯз сарбаландона ва бомувафаққият ба иҷро расонида, барои ободию амнияти мардуми азази Тоҷикистон пайваста хизмат менамоянд ва барои хизматҳои шоён ва пурмасъул ба мукофоти олии давлатӣ “Қаҳрамони Тоҷикистон” сарфароз гардида, аз 25 декабри соли 2015 ба унвони олии “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат” мушарраф шуданд.
Рӯзи Президент – ин танҳо ҷашни як шахсият нест, балки ҷашни давлатдории тоҷикон, рамзи ваҳдат, сулҳ ва ифтихори миллӣ аст. Ин рӯз моро ба ҳамдигарфаҳмӣ, меҳнатдӯстӣ ва садоқат ба Ватан даъват мекунад.
Мо бо Пешвои миллати азизамон фахр мекунем, ки чунин Сарвари оқилу доно, созанда, ятимпарвар, раҳнамо ва ғамхору фазилатпеша дорем. Пешвои маҳбуби миллати мо давлати рӯ ба инкишофамонро боз ҳам инкишоф бахшида, моро ба музаффариятҳои нав раҳнамои хоханд кард.
Чи тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд; “Тоҷикистон хонаи умумии мост, ҳифзи он, ободии он ва шаъну шарафи он вазифаи ҳар яки мост. Мо бояд тамоми донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю талоши худро минбаъд низ, барои рушди Ватани аҷдодиамон равона кунем, кишвари маҳбубамонро пешрафта гардонем ва барои наслҳои оянда як мулки обод мерос гузорем”.
Бигузор, ин рӯз ҳамеша моро ба Ваҳдат, меҳр ба Ватан ва масъулият дар назди наслҳои оянда ҳидоят намояд.
Ҳуқуқшиноси РКБО дар вилояти Суғд
Шарипов Субҳон Неъматович
(+992-37) 227-94-20
(+992-37) 227-95-02
(+992-37) 227-94-13
(+992-37) 221-54-25
(+992-37) 221-08-49
(+992-37) 227-97-23